Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
яъне наҳаросидан аз беморӣ, гуруснагӣ, танқид, аз даст додани дӯстдорӣ, пиршавӣ ва мурдан. Ҳар як шахс донишҳоеро бояд аз худ намояд, ки ба муқобили ин омилҳо ғалаба карда тавонад.
Қадами дигаре, ки мо мегузорем, назорати худӣ, яъне дар ҳар як зинаи инкишоф аз роҳи мақсади асосӣ набаромадан аст. Равона сохтани қувваю ғайрати хеш барои иҷрои мақсади асосӣ ва расидан бо роҳи дуруст, асоси ин қоида аст. Доимо мо бояд ҳаракат намоем, ки нисбат ба ҳақмузд зиёдтар меҳнат намоем, чунки дар ҷамъият фақат шахсе мавқеъ пайдо мекунад, ки аз музд дида зиёдтар меҳнат менамояд.
Барои ба ин мақсад ноил гаштан фикрронӣ дар иҷрои кор бояд дида шавад. Яъне ақидаҳои нав ва фикрҳои навинро аз худ намуда, онро дар амал ҷорӣ намоем. Чунин як рафтор имкон медиҳад, ки санъати истифодаи ақидаҳои хубро дарёфт намуда, инкишофи дониши худро таъмин намоем. Яке аз усулҳои мустаҳкам намудани чунин хислат, фикрронии аниқ доир ба ин ё он фаъолият мебошад. Хуб мешуд, агар мо дар хусуси он маълумотҳо ва ҳодисаҳое андешаронӣ намоем, ки ба касб ва ихтисоси мо бисёртар тааллуқ доранд. Маҳз ҷудо карда тавонистани маълумоти зарурӣ аз дуюмдараҷа ё худ нолозим моро ба мақсад бурда метавонад.
Равона сохтани қобилияту дониш барои иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷа, яке аз талаботҳои пайдарпании дониш ба ҳисоб рафта, моро маҷбур месозад, ки аз захираҳои дохилии худӣ, аз донишу кордонии дигарон истифода карда, ба мақсади худ ноил гардем. Яъне, дар баробари истифодаи қобилияту дониши худ аз меҳнати ҷамъиятӣ низ истифода карда тавонем. Албатта, дар ҳаёт ҳама чиз якбора ва ба осонӣ ба даст оварда намешавад. Ноомадиҳо ва қувваҳои бадии зиёде низ вуҷуд доранд, ки садди роҳи Шумо мешаванд. Бинобар ин, ҳар шахс аз ин ноомадиҳо натарсида, баръакс, бояд қувваи нави бештареро истифода намояд, ки дафъаи дуюм аз болои он қувваи мухолиф ғалаба карда тавонад.
Барои ноил гаштан ба ғалаба унсури дигари инкишофи дониш - пуртокат будан имкон медиҳад, ки аз аксари рафторҳои саросемаи беандеша даст кашида, ба муваффақиятҳои калон ноил гардед.
Зинаи волои дониш, ки Шумо метавонед ба он ноил гардед ва мавқеи бузург ёбед, хирадмандӣ мебошад. Ноил гаштан ба қоидаҳои бузурги рафторҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё