Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Баъд аз муҳокимаи масъала бо гурӯҳ, шӯро, ё худ атрофиён метавонед мақсади худро боз аниқтару пуркуваттар менамоед, чунки нафаре ба мегӯяд ақидаи нав баён созед, дигаре ба ақидаи Шумо зид буда, онро асоснок менамояд. Хулоса, дар охир маҷбур мешавед, ки мақсад ва нақшаи худро тағйир диҳед.

Барои ноил гаштан ба ин мо бояд дар атрофи худ одамони кордону серғайратро гирд оварда бошем. Ҳар яке мо медонем, ки дар тарбияи мо шахсе мақоми арзанда дорад, ё ин ки дар тақдиру фаъолияти ояндаи мову шумо таъсири хеле калон гузоштааст. Хоҳ-нохоҳ мо ба ин шахс як меҳру муҳаббати хосаеро зоҳир менамоем ва барои мо ҳамчун «устод», «роҳбар», «пири кор» эътироф шудааст. Инчунин, мутахассисон исбот намудаанд, ки роҳнамои бузург китоб аст. Аз ҳама муҳим он аст, ки Шумо ба пири худ бовар дошта бошед ва дар ҳама ҳолат алоқаро аз он шахс дур нанамоед.

Ҳар як инсон новобаста аз дараҷаи инкишоф ба «роҳнамо», «роҳбар», ё худ «пире» мӯҳтоҷу эҳтиҷӯманд мебошад. Чунон ки бузурггон фармудаанд:
Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сискандари замонӣ.

Баъзе шахсон идеали асосии худро аз «таърих» интихоб менамоянд ва ҳаракат мекунанд, ки хислатҳои ӯро аз худ намоянд, вале шахси зиндаро ҳеҷ гоҳ чизе иваз карда наметавонад. Яъне қобилияти фаҳмиши масъалаҳои Шумо орзую умед ва хусусиятҳои хоси замони ҳозираро фақат «пири» зинда метавонад дуруст фаҳмад ва роҳнамо бошад.

Мо пеш аз ҳама бояд хислатҳои хуби зеринро омӯхта, барои зердастон намунаи ибрат бошем:

  1. Ҳирадманд будан.
  2. Бовиҷдон, адолатпараст ва боварии одамонро сазовор будан.
  3. Нисбати худ ва дигарон серталаб будан.
  4. Дараҷаи кори ба даст овардан худро аз дигарон талаб намудан.
  5. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳолатҳоро доштан 6. Нисбат ба дигарон дилсӯз будан.
  6. Дар ҳама ҳолат худро аз даст надодан.
пешина
аз 522
навбатӣ