Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Барои ноил гаштан бо чунин муваффақиятҳо менеҷер пеш аз ҳама бояд дар атрофи худ одамонеро гирд оварда бошад, ки дорои қувваи бузург бошанд.
Инчунин барои аз дигарон ёрӣ талаб кардан шарм надошта, вазифаашро иҷро намояд. Бурду бохти роҳбар бештар ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза доираи дӯстону ҳамкоронаш васеъ буда, бо онҳо алоқаи ногусастанӣ дорад.
Яке аз ёварони наздикатон китобчаи қайди шумо мебошад. Дар ин китоб бояд дар навбати аввал суроғаи электронӣ, телефон ва дигар нишонаҳои шахсони кории шумо сабт гардад, ки доимо дар назорати қатъӣ ва нусхаи он дар компютер бошад.
Ҳангоми шинос шудан бо шахсони нав, хуб мешуд агар эшонро бо ному насаб мешинохтед, на аз рӯи вазифа, чунки ному насаб дар хотир бештар нақш мебандад ва инчунин дар вақти иҷрои кор аксаран бо шахси шинос бо гирифтани ному насаб муроҷиат менамоед. Агар шиносатон ҳамкор бошад, аз ӯ метавонед, ки омӯзед, донишу фаҳмиши онро дар фаъолияти худ истифода баред. Барои алоқаи даимӣ ва аз даст надодани дӯстон менеҷер бояд дар ҳар сурат манфиати коллективро аз манфиати худ болотар гузорад. Доимо аз дигарон натиҷаи кори худ, сифати он ва рафтори худро пурсидан лозим меояд ва худ низ аз рӯирост гуфтан наҳаросед ва ҳаракат намоед, ки бо коллектив якҷоя бошед. Дар танқид ва эродҳо аниқу бе хусуматҳои шахсӣ бошед.
Барои нишонагирӣ ба муваффақиятҳо менеҷер ҳар чӣ қадар тезтар хислатҳои пешвоиро соҳиб гардад, ҳамон қадар тезтар ба мақсад мерасад.
Таҷрибаи дурусти роҳбаратон барои роҳбарони оянда пойдевор мегардад.
Бинобар ин, Шумо пешвоиро ба даст гирифта, аз дигарон низ ҳамин хислатҳоро талаб намоед ва онҳоро бовар кунонед, ки аз қафои шумо раванд. Барои ноил гаштан ба ин амал, шарт нест, ки ба ҳар яке аз онҳо вазифа дода, баъд аз эшон иҷрои корро талаб намоед, балки метавонед бо роҳи иҷрои кор, лоиҳа, ё худ супориши алоҳида, гурӯҳи мақсадноке ҷудо намоед ва дар назди онҳо вазифаҳои аниқ гузошта, иҷрои онро талаб кунед.
Худи ҳолатҳои алоҳида ба шумо имкон медиҳад, ки пеш гузаред ва
дигаронро низ аз қафои худ бубаред. Ақидаи навро пешниҳод намуда, худ дар
иҷрои он омода бошед ва хуб мебуд дар баъзе ҳолатҳо пешвоии корро ба ӯҳда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё