Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гирифта, масъулиятро ба дӯши худ гузоред, ки он оянда барои пешравии кори шумо кӯмак мерасонад.

Роҳбари пешво бояд доимо дар ҷустуҷӯи фикру ақидаҳои нав ва навоварӣ бошад ва барои ба мақсад расидан ва амалӣ гардондани ақидаи хуб то охир мубориза барад. Чунки аз ҳама хислати бади роҳбар ин даст кашидан аз ақидаи худ, ё дар нисфи роҳ мондани иҷрои корҳост. Агар шумо хоҳед, ки барои ба мақсад расидан имкон пайдо кунед бо истифода аз вақти қулай масъалагузорӣ намоед. Барои ноил гаштан ба муваффақият аз дӯстон, шахсони таҷрибадори соҳа, аз сарчашмаҳои илмӣ истифода карда, фикрро пухта сохта, баъдан пешниҳод намоед.

Нозукиҳои роҳбариро аз худ намуда, шумо имкон пайдо менамоед, ки пешво шуда, як қатор хислатҳои хосро ноил гарбед.

Пешвоӣ талаб мекунад, ки гурӯҳи мутахассисони гуногуни баландихтисосеро дошта бошед, то барои иҷрои лоиҳаи калон ба Шумо кӯмак расонида тавонанд. Болоравӣ аз рӯи вазифа имкон медиҳад, ки доираи роҳбариатон васеъ гардида, барои амалӣ сохтани ақидаҳои худ шароит пайдо совед. Бояд фаъолияти кориро беҳтар карда, тағйирот ворид намоед, то иштироккунандагони он бовар ҳосил намоянд, ки шумо чунин қобилиятро доред. Яъне манфиати меҳнатии худро барои дигарон нишон диҳед ва амалӣ гардонед. Дар ин ҳолат майдони мувофиқе пайдо мегардад, ки сифатҳои пешвоии худро нишон медиҳед. Аз дигар тараф дар ҳолатҳои мураккаб ва вазнин роҳбариро ба дасти худ гирифта, қарори таъҷилӣ қабул намуда, обрӯю эътибори худро тасдиқ карда тавонед. Дар натиҷа ба Шумо боз имконоти наве пайдо мегардад, ки барои мустаҳкамшавии пешвоӣ кӯмак мерасонад.

Қавиродагӣ ва нотарсона ҳал намудани масоилҳо дар ҳолати бӯҳрон яке аз хислатҳои муҳиме мебошад, ки роҳбари пешво бояд онро доро бошад.

Барои ба мақсад расидан инчунин нақши муҳимро боваркунонии дигарон ба ақидаи худ мебозад, зеро на ҳама вақт шунавандагон, ё худ итоаткунандагони Шумо ба фикрҳоятон розӣ мешаванд. Дар ҳама ҳолатҳо мо бояд бар он кӯшем, ки муваффақиятро бо роҳи ризогии дутарафа ба даст биорем. Маълум аст, ки маданият, дараҷаи инкишоф, урфу одати одамон гуногун мешавад. Мисол, ҷопонҳо дар гуфтушунидҳо бо гурӯҳи калони корӣ иштирок мекунанд ва пеш аз

пешина
аз 522
навбатӣ