Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
ман наёмада- ва маро напурсидӣ. Донам, ки маро дӯст надорӣ ва аз ин маро ёд намекунӣ. Маро дӯстии ту бар ҷон аст. Кӯдак будам, ки маро меҳри ту дар дил афтод.
Агар на аз баҳри висоли ту будӣ, бад-ин қалъа наёмадаме. Мақсуд дидори ту буд ва ба ҳилати бисёр худро дар ин қалъа афкандам. Дар ту меҳре набинам.
Мақӯқар гуфт:
— Эй лоло, магар он чӣ бо ту гуфтам, нагуфтӣ?
Лоло гуфт:
— Эй паҳлавон, маро заҳраи он набошад, ки аз ин маънӣ бо вай бигуфтаме, ё чизе ба забон рондаме. Аммо дӯш нишаста будам. Маҳпарӣ пой дар канори ман ниҳода буд ва мемолидам. Рӯҳафзои мутриб симоъ мекард. Маҳпарӣ нафасе сард баровард.
Гуфтам:
— Эй малика, туро чӣ расидааст, ки чунин нафаси сард бармеоварӣ?
Гуфт:
— Эй лоло, аз ин батар чӣ бошад, ки Мақӯқар бо ман мекунад. Аз баҳри вай бо хонумон ва подшоҳиву нозу неъмат тарк бигуфтам ва худро бар сари кӯҳ афкандам то бошад, ки ба висоли ӯ биёсоям ва мурод ҳосил кунам.
Акнун Мақӯқар аз ман ёд намеоварад. Чун ин сухан бигуфт, ман вақти фурсат нигоҳ дошта будам, гуфтам: — Эй малика, гуноҳи Мақӯқар нест. Ҷурм аз мани банда будааст, ки ӯ ба ман гуфт ва ман ба ту нагуфтам. Пас, он чӣ гуфта будӣ, ба ваҷҳи ҷамил 1 пеши вай бигуфтам ва хурраму шодмона шуд ва шодӣ кард ва маро гуфт: «Чаро пеш аз ин маро нагуфтӣ?» Пас, гуфт: «Эй лоло, шунидам, ки Оташак ва Самак ба қалъа омадаанд. Бояд, ки ба имдод пеши Мақӯқар равӣ ва ӯро аз ман салом бирасонӣ ва гӯй, ки Самак модари туро куштааст ва қасди кори ман дорад, ки аз ту ҷудо кунад, бояд, ки ҳар дуро ҳалок кунӣ, чунон ки касе огоҳ нашавад ва баъд аз ин ҳеҷ касро ба қалъа магзор, агар ҳама Фағфур падари ман бошад. То ману ту рӯзгор бо ҳам ба сар барем».
Мақӯқар аз гуфтори лоло хуррам шуд. Ҷону дили вай дар нишот омад. Гуфт:
— Эй лоло, чӣ гуна созем, ки эшонро бикушем ва касе надонад.
1 Ваҷҳи ҷамил — ба таври хуб, ба тариқи мувофиқ ё ки рағбатовар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё