Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ло ло гуфт:
— Эй паҳлавон, ман надонам. Пеши духтари шоҳ равам, то магар ӯ чора донад ва бигӯяд.
Мақӯқар гуфт:
— Некӯ гуфтӣ. Пеши Маҳпарӣ рав ва саломи ман бирасон ва бигӯй, ки эшонро чӣ гуна қаҳр кунам, ки рои ту баландтар аст ва ту беҳтар донӣ.

Мақӯқар ин сухан мегуфт ва кори висоли духтари шоҳ меҷуст ва рӯзгор бар вай механдид. Лоло Солеҳ бозгашт ва пеши Самаки айёр омад ва он чӣ гуфта буд ва шунида, бозмегуфт.

Самаки айёр гуфт:
— Лоло, пеши Маҳпарӣ рав ва бигӯй, он чӣ гуфтӣ ва шунидӣ. Ва бигӯй, ки Самаки айёр мегӯяд, ки пайгом ба Мақӯқар фирист, ки меҳмонӣ бисоз ва мардумони қалъа, хосу ом ҳозир кун. Ва Самаку Оташакро ҳозир гардон ва дар пеши мардумони қалъа эшонро хилъат фармой, то мардумони қалъа бибинанд. Пас, эшонро маст гардон. Чун эшон ба ҷои хоб раванд, ҳар дуро сар аз тан ҷудо кун ва сари эшон ба ман фирист ва танҳои эшон аз қалъа ба зер андоз. Чун мардуми қалъа эшонро набинанд, пиндоранд, ки рафтанд. Онгоҳ ту ба шаҳдар дарой пеши Маҳпарӣ.

Лоло Солеҳ чун бишнид, аз кору гуфтори Самак аҷаб дошт, ки худро дар ҳалок меандохт. Оташак тарсону ларзон мегуфт:
— Оё чӣ ҳолат аст ва дар ин кор чӣ дидааст?

Лоло бархост ва пеши Маҳпарӣ омад ва ҳамаи аҳвол, чунон ки рафта буд, бозгуфт.

Маҳпарӣ чун бишнид, аз баҳри Самак ғамнок шуд ва гуфт:
— Самак девона шудааст. Маро дар бало хоҳад афкандан ва худро ба бод хоҳад додан. Яздон донад, ки чӣ рою тадбир аст, ки сохтааст. Ҳеҷ оқил ин кор кунад?

Рӯҳафзо гуфт:
— Эй малика, туро гуфтам, ки Самак корҳо кунад,
ки дар ваҳми 1 кас наёяд. Ту, чунон ки ӯ мефармояд, мекун.

Пас, духтар гуфт:
— Эй Лоло Солеҳ, пеши Мақӯқар рав ва чунон ки Самак гуфтааст, бигӯй.

1 В а ҳ м — фикр, хаёл.

пешина
аз 290
навбатӣ