Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Лола Солеҳ, пеши Мақӯқар омад ва чунон ки Самаки айёр гуфта буд, бозгуфт.
Мақӯқар гуфт:
— Шод бош, эй духтари шоҳ, некӯ рой ниҳодааст.
Гуфт:
— Эй лола, Маҳпариро аз ман салом бирасон ва узр хоҳ, ки тақсири хидмат1 рафт, ки ба ҷону дил дар хидмат будам.
Лола Солеҳ хидмат кард ва бозгашт.
Мақӯқар дарҳол нақиби қалъа Ноки паҳлавонро бихонд ва гуфт:
Мардумони қалъаро ҳозир гардон, сухане дорам.
Хидматгорон тартиб ҳамесохтанд. Ва нақиби қалъа мардумонро ҳозир гардонид. Пас, Ноки паҳлавонро бифиристод ва Самаку Оташакро ҳозир гардонид. Ноки паҳлавон биёмад пеши Самак ва хидмат кард ва гуфт:
— Паҳлавон Мақӯқар туро мехонад, то аҳволи духтар боздонад ва тартиби қалъа бисозад.
— Самак гуфт:
— Фармонбардорам, ту ба саодат бозгард, ки порае ранҷурам, то ҷулобе хӯрам ва ба хидмат оям.
Паҳлавон Нок бозгашт. Самаки айёр ба Оташак гуфт:
— Бархез, то пеши Мақӯқар равем меҳмонист ва соате шароб хӯрем.
Оташак биҳаросид. Гуфт:
— Эй Самак, ман ҳаргиз ин кор накунам, некӯ меҳмонист. Девонаам, ки хештанро пеши Мақӯқар меафканам, то маро бикушад? Хосса, ки ту ӯро омӯхтаӣ, ки чун мебояд кушт. Агар ту меравӣ, бирав.
Самак гуфт:
— Эй Оташак, бад-ин заҳра, ки дорӣ, айёрӣ мекунӣ! Дил фориғ дор, ки ба яздон, ки ман кор чунон сохтаам, ки Мақӯқар бо ҳар кӣ дар қалъа бошад, чунон бикушам, ки ҷаҳониён ибрат гиранд.
Оташак гуфт:
— Эй Самак, ту хоҳӣ рафт ман нахоҳам рафт. Акнун бархез ва бирав, то эшонро бикушӣ. Он гоҳ ман биёям ва ҳар чӣ фармой, бикунам.
Самаки айёр гуфт:
— Эй Оташак, шод бош, ки бисёр ранҷ бурдаӣ, то ин айёрӣ омӯхтаӣ, бархез, то биравем.
Оташак гуфт:
1 Тақсири хидмат — кӯтоҳӣ ё нуқсон дар коре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё