Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Намеоям, ки моро шароб диҳанд ва маст кунанд ва ҳалок кунанд. Макун, эй Самак, бар ҳалоки ман ва они худ макӯш.
Самаки айёр бихандид ва гуфт:
— Акнун кор аз даст рафт. Агар наравем, моро ҳалок кунанд. Касе ҳаст, ки ба фарёди мо расад? Ночор моро бибояд рафтан ва агар аз он метарсӣ, ки туро шароб диҳанд, ман раҳо накунам. Ҳар чӣ насиби ту бошад, ман бозхӯрам ва маст нагардам, ки ман ҳазор бор бо айёрон гарав бастаам ва ҳамаро маст кардаам ва ман маст нагаштаам.
Оташак аҷаб дошт. Гуфт:
— Эй Самак, дар гиребон резӣ?
Самаки айёр гуфт:
— Эй Оташак, ман ширхора будам ва Саҳлон бинни Фирӯз бинни Ромин шароб мехӯрд ва падари ман шаробдори вай буд. Як рӯз дар канори вай будам ва падари ман шароб аз ҳавз бармегирифт ва дар хунуб мекард. Падари маро бо модар хусумате буд. Падарам модарамро бизад. Ман аз канори модар дар ҳавз афтодам. Чун модару падар маро аз ҳавз бадар оварданд, маблағе шароб дар шиками ман рафта буд. Пас, маро сар зер биёвехтанд, то шароб аз шиками ман берун омад. Пас, иллате бар ман пайдо шуд ва ранҷур шудам ва табибон гуфтанд, то ба ҳадди булуғ расад, агар хоҳед беҳтар шавад, ҳар чӣ ба хӯрди вай диҳанд, шароб дар он кунанд. Пас, модар ҳар чӣ ба хӯрди ман додӣ, шароб дар он мекардӣ, то ҳафтсола шудам, ки падарам аз дунё бирафт. Модар маро темор медошт. Баъд аз ду сол модарам фармон ёфт. Маро касе набуд, ки темордоштӣ кунад. Ҳар чӣ медидам, мехӯрдам. Пас, худро ба хизмати Шағоли Пилзӯр афкандам. Шағол маро ба фарзандӣ қабул кард, ки сахт чолок будам. Пас, аз он иллате бар ман пайдо шуд. Ба ҳар як чанде маро дарди шикам бигирад, чунон ки як ҳафта бетоқат шавам ва фарёд мекунам, то он вақт, ки Яздон саҳл кунад.
Ин ҳама аҳвол аз баҳри он гуфтам, то донӣ, ки шароб тавонам хӯрдан ва маст нашавам, ки шароб ғизои ман гаштааст.
Пас, даст дар миён кард ва миқдори бист дирам доруи
1 Ҳ а н а б — хум.
2 Т е м о р д о ш т а н — тарбия ё нигоҳубин кардан.
3 Ф а р м о н ё ф т — ба маънои «вафот кард».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё