Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
беҳушона баровард, агар як дирам санг дар шароб афкандӣ ва ба хӯрдӣ сад мард додӣ, ҳама бияфтодандӣ. Панҷ дирам санг ба Оташак дод ва гуфт: — Чун тавонӣ, вақти сн, ки ман ишорат кунам, дар миёни шароб андозӣ ва назора кун, аввал дар он шароб афкан, ки ба дасти Мақӯқар хоҳӣ додан, то ман кори дигарон бисозам.
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, маро соқӣ хоҳӣ кардан? На кори ман аст. Ту худ мекун. Агар хоҳӣ, соқӣ бош, аз баҳри худой маро дар таҳлука маяндоз.
Самаки айёр гуфт:
— Эй Оташак, ту худ ҳеҷ кор надонӣ.
Оташак гуфт:
— Ин кор на кори ман аст. Беш аз ин магӯй. Ҳар чӣ бояд кардан, худ мекун.
Самак бархост ва дашна баргирифт ва ба миён устувор кард, чунон ки пайдо набуд. Чун ба сарои Мақӯқар омаданд, салом карданд. Мақӯқар пеши эшон бархост ва ҳар кӣ ҳозир буданд, ҷумла бархостанд. Мақӯқар бифармуд, то эшонро болои ҳама биншонданд. Бифармуд, то ду даст хилъат оварданд, пеш аз он, ки таом хӯранд, ва ба Самаку Оташак доданд ва хилъатҳо зебо писандида буд. Самак гуфт: «Ин ҷумла дархури Хуршедшоҳ аст», гуфт:
— Эй Оташак, ман ин ҷома ба Хуршедшоҳ додам, ки сазовори ӯст.
Оташак гуфт:
— Ман ба Фаррухрӯз диҳам, ки эшон ҳар ду якеанд.
Дарҳол ҷулоб оварданд ва бозхӯрданд ва хон бинҳоданд ва нон бихӯрданд.
Баъд аз он маҷлиси базм биёростанд. Мақӯқар гуфт:
— Эй паҳлавон Самак, захираҳо дидӣ? Ман хате навиштам, ки даҳ ҳазор хирвор ғалла, ки Аргун фармудааст, то бар болои қалъа оваранд.
Самак хизмат кард ва гуфт:
— Мунтазир мебудем, ки паҳлавон бифармояд, то фардо биравем.
Мақӯқар гуфт:
— Чунин кунем. Имрӯз шароб хӯрем ва фардо бар он кор машғул шавем.
Ин бигуфтанд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд. Ҳар касе аз худ дӯстгонӣ 1 ба Самак медоданд ва Самак
1 Дӯстгонӣ — пиёлаи шароби навбати худро аз рӯи эҳтиром ба касе додан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё