Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
мехӯрд. Ҳар кӣ дӯстгонӣ ба Оташак медод, Самак гуфтӣ, ки ӯ — Оташак тоқати шароб намеорад. Ба ман диҳед. Самак ҳамаро хушнуд мекард. То ҳама дар шароб хӯрдан хуш гаштанд ва ҳанӯз асари шароб хӯрдан дар Самак пайдо набуд. Макӯқар бо худ гуфт: «Ин ҳама шароб, ки ин мард мехӯрад, ба куҷо меравад?»
Дарҳол Самак дархост ва қадахи шароб дар даст гирифт ва пеши Макӯқар омад ва хизмат кард ва турунҷе заррин пеши Муқӯқар ниҳода буд, баргирифт ва бӯса дод, боз пеши Макӯқар бинҳод ва гуфт:
— Дӯстгонӣ ту дорӣ.
Макӯқар гуфт: «Оё чӣ меҳнат аст? Кам аз даҳ ман ё бист ман, агар бозхӯрад ё ба ман диҳад, куҷо тоқати ин дорам? Аммо мумкин бошад, ки битавонад хӯрдан?» Дарҳол бозхӯрд ва ба дасти Оташак дод, ки шароб даркун. Ишорат кард, ки беҳушона дарафкан. Макӯқар дар ӯ бозмонда 1 буд, ки чӣ гуна ин шаробҳо дар як дам мехӯрад. Оташак қадахи шароб дар даст бар дасти Самак дод, беҳушона порае дар суроҳӣ 2 афканда. Самаки айёр қадахи шароб аз дасти Оташак бистад ва бад-он ки, Оташак афканда буд, қонеъ наёмад, қадре дигар аз паси гӯши худ берун овард ва чунон намуд, ки мӯй дар паси гӯш мениҳад, беҳушона дар миёни ангуштон овард ва дар қадаҳ афканд. Пеши Макӯқар биистод ва ӯро дуо гуфт ва бистид.
ПАС, гуфт:
— Эй паҳлавон, бисёр мардумӣ ва некмаҳзарӣ ба некӯсиратӣ ба мо намудӣ. Ба аҳволи ту мешунидем, ки номи неки ту мегуфтанд. Мехостам, ки ба хизмат оям. Итифоқи сӯҳбат хизмат наяфтод, то бад-ин ғоят. Чун иттифоқи хизмат афтод ва ин кор пеш омад, ман дархост кардам ба нияти он, ки ба хизмати ту оям ва туро бинам ва хизмати ту аз ҷону дил бикунам ва шарафи ҳузури дастбӯси ту даръёбам. Ва чун ба хизмат омадам, туро беш аз он мебинам, ки шунидам...
Аз ин маъни мегуфт ва Макӯқарро меситуд, то дору дар қадахи шароб гудохта шуд. Пас, қадахи шароб бӯса дод ва ба дасти Макӯқар дод.
Гуфт:
— Эй Самак, чун тавонам хӯрдан ба як дам, ки ба даҳ дам ҳам натавонам хӯрдан.
1 Б о з м о н д а н — ҳайрон мондан, саросема шудан.
2 С у р о ҳ ӣ — зарфи шароб, ҷом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё