Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самаки айёр хизмат кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, азони ту аст, агар хоҳӣ ба як дам бозхӯр ва агар хоҳӣ ба даҳ дам.

Макӯқар бо худ гуфт, ки: «Ин беному нангӣ бошад. Ҷаҳд кунам, ки ба як дам бозхӯрам ё ба ду дам».— Ин бигуфт ва ба дам даркашид ва миқдори як ману ним бозхӯрд. Бухори шароб ва дору дар димоғи Макӯқар афтод. Саросема гашт ва беҳуш, қадаҳ аз даст бияфтод.

Самаки айёр гуфт:
— Аз ин фориғ гаштем.

Оташак чун он дастбурди1 Самак бидид, гуфт: «Ал-ҳамдулиллоҳ». Нигоҳ кард, мардумон шароб мехӯрданд ва ҳеҷ огоҳ набуданд, ки Макӯқар макре сохтааст, ки Самак-ро бикушад. Пас, Самаки айёр гуфт:
— Эй ҷавонмардон, паҳлавоне чун Макӯқар тоқати ду ман шароб надошт.

Ҳамагон хизмат карданд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд. Ҳар кас, ки аз он суроҳӣ мехӯрд, меафтод ва беҳуш мегашт. Самак истода буд ва Оташаку Ноки нақиби қалъа нишаста.

Самак чун дид, ки ҳама беҳуш бияфтоданд, дарҷасту Ноки нақиби қалъаро бигрифт ва бияфканд ва барбаст. Пас, ҳар кӣ афтода буданд, Самаки айёр ва Оташак сари эшон мебуриданд. Пас, рӯй ба Нок кард ва гуфт:
— Бигӯй, то дар ин қалъа чанд марду зананд ва фарзанди эшон чанд бошад, то туро ба ҷон зинҳор диҳам ва ин қалъа ба ту арзонӣ дорам.

Ноки нақиб гуфт:
— Саду сӣ марданд.

Самак бо Оташак он куштагон бишмурд, саду ҳафт буданд.

Самак гуфт:
— Эй Нок, бисту се тани дигар куҷоанд? Ин ҷо буданд?

Гуфт:
— Бале.

Самак гуфт:
— Эй Нок, эшонро талаб кун, вагарна туро ҳалок кунам ва дар қалъа бигардам ва эшонро низ бикушам.

Нок гуфт:

1 Дастбурд — ғалаба, муваффақият, болодастӣ.

пешина
аз 290
навбатӣ