Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бо мо биёед, то ба сарои эшон равем ва ҳар ҷо, ки бошанд, вонамоем.
Нок дар пеш истод ва Самаку Оташак бо вай мегаштанд, ва касе дигар набуд.
Самаки айёр гуфт:
— Эй Нок, дурӯғ мегӯй. Сездаҳ марди дигар бигӯй дар куҷоанд ва бар ҷони худ зинҳор махӯр.
Ноки нақиб гуфт:
— Эй Самак, як ҷойгоҳи дигар гумон мебарам. Магар зӣ он ҷойгаҳ нарафта бошанд.
Нок пеш истод ва мерафт. Эшонро он ҷойгоҳ овард. Сӯрохӣ дид бар мисоли ғоре.
Гуфт:
— Ин ҷойгаҳ бошанд, талаб кунед.
Самаки айёр он ҷойгаҳ рафт. Сездаҳ марди дигар дид хуфта ва ҷумла маст буданд ва рафтани эшон бар он ҷойгаҳ чунон буд, ки дида буданд, ки Самак дар сарои Мақӯқар он қавмро кушт. Бигрехта буданд ва он ҷо шуда.
Самаки айёр ҳар сездаҳро сар бибурид ва аз он ҷо бадар омад.
Самак гуфт:
— Рост бигӯй, то дар қалъа ҳеҷ кас мондааст ё на?
Нақиб гуфт:
— Дарбони қалъа мондааст ва посбон мондааст.
Дарҳол биёмаданд ва эшонро низ бикуштанд. Посбон хост, ки фарёд кунад, ӯро низ аз болои қалъа ба зер андохтанд.
Чун аз ҷумла фориғ шуданд, биёмаданд ва ҳар чи занону фарзандон ва кӯдакон буданд, дар қалъа ҳамаро ҷамъ карданд ва аз қалъа берун карданд. Чун аз занон ва кӯдаксои фориғ шуданд, Самаки айёр гуфт:
— Нокро хилъате бояд додан, ки бисёр мардӣ кардааст ва қалъа ба вай арзонӣ дорем.
Оташак гуфт:
— Ту донӣ, он чӣ мебояд сохтан, месоз.
Самаки айёр Нокро гуфт:
— Чӣ гӯй? Қалъадорӣ тавонӣ кардан?
— Нок хуррам шуд. Пиндошт, ки рост мегӯяд. Гуфт:
— Эй паҳлавон, чаро надонам? Хизматгор ва фармонбардорам.
Самаки айёр дасти Нок бигирифт ва ӯро бар канори қалъа овард ва хилъати зебо ба вай дод ва ӯро аз қалъа ба зер андохт.

пешина
аз 290
навбатӣ