Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Чун аз ҳама фориғ шуданд, рӯй ба шаҳдар дарниҳоданд. Самак пеши Маҳпарӣ рафт ва хизмат кард. Маҳпарӣ бархост ва Самакро дар канор гирифт. Гуфт:
— Шод бош, эй марди мардонаву эй айёри замона ва эй чолокпешаи ҷаҳони мардӣ ва ҷавонмардӣ туро мусаллам аст.
Самаки айёр гуфт:
— Ба иқболи Хуршедшоҳ ва саодати ту ин корҳо рост баромад.
Пас, рӯй ба лоло Солеҳ кард ва гуфт:
— Қутволи қалъаи Шоҳак акнун ту бош, ки қалъа ба ту арзонӣ доштам. Бедор ва ҳушёр бош, агарчи қалъа маҳкам аст ва устувор, то маро набинӣ ва нишони дуруст набошад, дари қалъа макшой, то ман биравам, ки аз баҳри Хуршедшоҳ дилмашғулам 1 ва ҳеҷ парвои чизе надорам.
Маҳпарӣ ва Рӯҳафзо ва Арғувон ва Санавбар ва лоло Солеҳ ҳар панҷро дар қалъа раҳо кард. Пас, он ду хилъат баргирифт ва бо Оташак пой ба асбон дароварданд ва аз қалъа берун омаданд ва рӯй ба роҳ ниҳоданд. Лоло Солеҳ дари қалъа устувор дарбаст ва мебуданд, чаҳор зан ва ходиме.
Аз ин ҷониб Самаки айёр бо Оташак ба лашкаргоҳ омаданд. Шаб даромада буд. Самаки айёр аз роҳ ба боргоҳ омад. Хуршедшоҳро дид, ки бо паҳлавонон ба шароб хӯрдан машғул буд ва муддате буд, то шароб нахӯрда буд.
Чун Самак дар боргоҳ шуд, пеши Хуршедшоҳ хизмат кард.
Шоҳ чун Самакро дид, бар пой хост ва дигарон бар пой хестанд. Шоҳзода ӯро дар канор гирифт, хуррам шуд, бар вай офарин кард.
Гуфт:
— Эй шоҳзода, қавл ҷупон буд, ки шароб нахӯрӣ.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Имрӯз хӯрдем.— Гуфт: — Эй паҳлавон Самак, чӣ кардӣ?
Самак гуфт:
— Эй шоҳ, ба иқболи ту ба қалъаи Шоҳак рафтам ва Макӯқари қутволи қалъаро куштам бо ҳар ки дар қалъа буд мурд ва занон ва фарзандони эшонро аз қалъа берун кардам ва қутволии қалъа ба лоло Солеҳ додам.
Аҳвол аз аввали кор то охири кор ҳар чӣ рафта буд, ҷумла пеши Хуршедшоҳ бозгуфт. Пас, он ду хилъат, ки 1 Дилмашғулам — ҳавотирам, ҳавднокам, потинчам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё