Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
оварда буданд, пеши Хуршедшоҳ бинҳод. Замоне шароб хӯрданд ва ҳар сухане мегуфтанд, то паҳлавонон пароканда шуданд ва рӯй ба осоиш ниҳоданд.
Шоҳ бо Фаррухрӯзу Самак ва Оташак дар боргоҳ бихӯфтанд ва Шагол дар хаймаи дигар ҷудогона пеши айёрон будӣ.
Пас, чун рӯз равшан шуд, Хуршедшоҳ ба тахт баромад ва он хилъат дарпӯшид. Паҳлавонон ба хизмат омаданд ва умарои давлат ба шароб хӯрдан машғул гаштанд. Самак аҳволи хеш бозгуфт ва он чӣ бо Оташак гуфта буд, аз баҳри меҳмонии Мақӯқар, ки ӯро мефиристод ва мегуфт, ки на кори ман аст. Паҳлавонон ханда мекарданд.
Ногоҳ ғалабаву ошӯб дар лашкаргоҳ афтод. Пиндоштӣ, ки сад ҳазор кӯси ҳарбӣ фурӯ кӯфтанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Чӣ будааст?
Гуфтанд:
— Эй шоҳ, душманро мадад омадааст.
— Пас, шоҳ гуфт, ки:
— Эшонро аз ин ҷанг нокардан мақсуд он буд, ки мадади эшон бирасад? Моро аз ин андеша нест. Чун ҷанг хоҳанд кардан, донем, ки бо эшон ҷанг мебояд кардан.
Ин сухан мегуфтанд ва мебурданд, ки ногоҳ марде аз дар даромад, ки ӯ аз ҷумлаи хизматгорони Хуршедшоҳ буд, ки бо вай аз Ҳалаб омада буд. Номи вай Сураи Ҳалабӣ буд ва дар он шаб, ки эшон дар кӯчаи Сангин буданд, бо эшон буд ва дар айёрӣ ва роҳравӣ сахт чолок буд ва бисёре дар ҷаҳон гардида ва русуми ҳар шаҳре дониста. Ва худро ба ҳаргуна баровардӣ ва забонҳо бидонистӣ ва ҷосусӣ кардӣ. Ва шабонарӯзӣ панҷоҳ фарсанг бирафтӣ ва корҳои пинҳонӣ ба даст овардӣ, ки пиндоштанд, ки худи ӯ гуфтааст, ва то ин кор афтода буд. Сура пайваста дар лашкаргоҳи Қизилмалик будӣ. Пас, дар ҳол, ки лашкари Мочин бирасиданд, Сура он ҷо буд. Ҷосусӣ кард ва аҳвол ба даст овард.
Хуршедшоҳ нишаста буд, ки Сураи Ҳалабӣ аз дар даромад. Хизмат кард ва заминро намоз бурд ва гуфт:
— Эй шоҳзода, Сайлами бародари Қатрон ва Гелсавор ва Шимрон ҳар се бо бист ҳазор савор ба мадади Қизил-малик омаданд. Пас, сар дар гӯши Хуршедшоҳ кард ва гуфт: Ду мард омадаанд бо ин сипоҳ, якеро ном Конун аст, ки исфаҳсолори шаҳри Мочин аст, чунон ки Шагол дар Чин исфаҳсолор аст, Конун дар Мочин ҳамчунон ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё