Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шогирде дорад номи ӯ Кофур ва дар пеши Арманшоҳ бар худ гирифтааст, ки сари Шағоли Пилзӯр ва сари Самакӣ айёр ба назди шоҳ баранд ва даъвӣ кардаанд, ки ту ки шоҳӣ, зинда бибаранд ва бад-ин кор пинҳон омадаанд, чунон ки ҳеҷ кас надонад. Ман ин аҳвол маълум кардам ва бо ту гуфтам.

Хуршедшоҳ сар дар пеш афканд. Соате буд. Сар баровард. То шаб даромад, паҳлавонон ҳар касе ба ҷони худ рафтанд. Хуршедшоҳ монд бо Фаррухрӯз, Самак ва Оташак наздики тахти шоҳ истода буданд. Самак хизмат кард ва гуфт:

— Эй шоҳ, он чӣ Сураи Ҳалабӣ дар гӯши ту гуфт, агарна розе буд, бо банда бигӯяд.

Хуршедшоҳ гуфт:

— Эй Самак, моро аз ту ҳеҷ розе пинҳон нест. Ту аз моӣ ва мо аз ту.

Самак хизмат кард.

Шоҳ гуфт:

— Эй бародар, Сура гуфт, ки ду мард омадаанд: яке исфаҳсолори шаҳри Мочин аст, номи вай Конун ва шогирде бо вай аст, номи вай Кофур. Ва пеши Арманшоҳ бар худ гирифтаанд ва даъвӣ карда, ки маро зинда бибаранд ва сари ту, ки Самакӣ ва Шағоли Пилзӯр бибаранд. Ва ба ин кор пинҳон омадаанд.

Самак чун бишнид, гуфт:

— Эй дареғо, ман эшонро намешиносам ва дигар коре дорам. Ба Мочин мебояд рафтан, то муроди Оташак ба даст оварам, ки бар худ гирифтаам, ки чун кори қалъаи Шоҳак тамост кунам ба кори вай равам ва қавли худ ба дурӯғ натавонам кард. Вагарна Сураро бибурдаме, то эшонро ба ман намудӣ ва бо эшон коре кардаме, ки то ҷаҳон будӣ, бозгуфтандӣ. Аммо бар ин сухан, ки гуфтаанд, агар ман Арманшоҳро пеши тахти ту надорам, мард нестам. Аммо зинҳор ки бедор ва ҳушёр бош ва худро нигоҳ дор ва эмин мабош, ки агар эшонро чизе дар ҷувол набудӣ, ин даъвӣ накардандӣ ва наомадандӣ.

Самак Оташакро гуфт:

— Эй бародар, бирав ва устоди ман Шағолро бихон ва бигӯй, ки шоҳ бо ту сухане дорад.

Оташак бирафт ва Шағолро ҳозир кард. Самак ин аҳвол ба Шағол бозгуфт. Пас, гуфт:

— Эй устод, ман коре бар худ гирифтаам ва таъхир
наметавонам кардан, ки дили Оташак дар банд аст. Ман

пешина
аз 290
навбатӣ