Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мехоҳам, ки дили ӯ аз банд бароварам. Зинҳор бояд, ки ғофил набошӣ, ки Хуршедшоҳ агарчи бо ақлу дониш аст, аммо кӯдак аст ва дар миёни ин лашкар ғариб аст. Агарчи ҳама хидматгорони ӯянд, аммо эмин нашояд будан. Ту кор ростӣ мекун ва ҳар чӣ донӣ, ки на нек аст, магзор, агарчи хашм гирад. Ва агар сухане сахт гӯяд, бар вай магир. Раҳо кун то мегӯяд, ки подшоҳ асту кӯдак. Агарчи аз ман ва ҳазор аз ман коре барнаянд, он бошад, ки яздон хоҳад. Аммо эҳтиёт бояд кардан, ки ман ба Мочин меравам, то муроди Оташак бароварам ва ҳамин соат бихоҳам рафт.

Ин бигуфт ва шоҳзода Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯрро дар канор гирифт ва видоъ кард. Пас дасти Оташак гирифт ва аз боргоҳ берун шуд ва рӯй ба роҳ ниҳод ва бирафт.

Чунун эшон бирафтанд, Хуршедшоҳ бо дигарон сар ба оромгоҳи хоб ниҳоданд, то рӯз равшан шуд, Хуршедшоҳ ба тахт баромад, паҳлавонон ва амирон ҳозир омаданд. Шоҳ машварат кард ва гуфт:

Сипоҳи душманро мадад омад, агарчи моро аз он омадани мадади эшон ҳеҷ андеша нест, аммо маслиҳат чунон аст, ки нома фиристем ба шоҳ Фағфур. Ва аҳвол ҳама бознамоем, то чӣ фармояд. Агар чунон ки ҷанг фармояд, истодаем ва агар сулҳ фармояд ӯ, низ истодаем. Чунон ки ӯ фармояд пеш гирем. Ҳама гуфтанд:

— Бандагонем, бар он чӣ шоҳ фармояд, камар бастаем ва он чӣ шоҳзода гӯяд ва кунад ва рой занад, маслиҳат чунон аст.

— Пас, Хуршедшоҳ ба Фаррухрӯз гуфт:

— Эй бародар, нома навис ба шоҳ Фағфур ва он чӣ пеши мо омад, ҳама шарҳ деҳ, то шоҳ чӣ фармояд.

Фаррухрӯз давоту қалам ва қоғаз хост, навишт, ки:
— «Бисмиллоҳ-ил-мулк-ал-алом», бар некон ва покон ва баргузидагон офарин кард. Баъд аз сарнома гуфт: «Ин нома аз Хуршедшоҳ бинни Марзбоншоҳ ба шоҳ Фағфури Чин. Падари бузургвор бидонад ва огоҳ бошад, ки ташриф фармуд, ки Хуршедшоҳ домод ва баргузидаи мост ва ба ҷанги душман мебояд рафт. Ҷавоби хасм боздиҳад ва дух- тари мо Маҳпарӣ ба қалъаи Шоҳак фиристод. Агарчи бар мо пӯшида буд, ки кутволи қалъаи Шоҳак Мақӯкар буд, фарзанди дояи ҷоду Шервона, ки ин ҳама фитна дар ҷаҳон афканда буд, мо Маҳпарӣ ба қалъа фиристодем ва ба ҷанги душман камар бастем ва ду рӯз масоф кардем ва ба оқибат Қатрони паҳлавон асири мо шуд ва ӯро дар

пешина
аз 290
навбатӣ