Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин нома ба шоҳ Фағфур расон.
— Сура нома бистад ва ба роҳ афтод, то ба шаҳри Чин расид. Ва ҳам аз гарди роҳ нома ба даргоҳ бурд. Пеши тахти Фағфур расид. Хидмат кард, нома баровард ва бӯса дод ва бар канораи тахт бинҷод. Шоҳ нома ба дасти Меҳрони вазир дод, то бархонад. Мақсуди нома маълуми шоҳ Фағфур кард. Аҳволи қалъа ва куштани Макӯқар ва гирифтани Қатрон шоҳро маълум шуд, хуррам шуд. Пас, чун гуфта буд, ки мадади эшон расидааст, ҷанг мебояд кардан ё сулҳ кунем, Фағфур гуфт:
— Эй Меҳрон, эшон сулҳ накунанд. Моро паҳлавоне бояд бо рою тамйиз, ки пешрави лашкар бошад ва пеши Хуршедшоҳ равад.
Меҳрони вазир дилтанг шуд аз гирифтани Қатрон ва куштани Макӯқар. Бо худ андеша кард, ки: «Маро беш аз ин ҷойгоҳ будан маслиҳат нест. Ҳар чӣ месозам, эшон ба бод медиҳанд. Вақти кор омад. Маро бибояд рафтан ва он ҷойгоҳ кори эшон бисохтан, ки акнун кор аз даст рафт. Чаҳд кардам ва барнаёмамад. Ҳар чӣ ман дарҳам меафканам, эшон аз ҳам боз мекунанд. Пеш аз он, ки ин роз ошкоро шавад, биравам ва он чӣ даридаанд, магар бозтавонам дӯхт». Аз ин андешаҳо бо худ мекард.
Пас, гуфт:
— Банда биравад ва тартиби кори эшон бисозад ва рой биниҳам магар ин кор саҳл барояд. Агар чунон ки ҷанг бояд кардан, бикунем ва агар сулҳ бояд кардан, бикунем.
Шоҳ Фағфур гуфт:
— Некӯ гуфтӣ. Ту ин кор тавонӣ кардан. Ҳар чӣ бояд сохтан, месоз.
Дарҳол бифармуд дари ганҷ боз карданд ва он чӣ боист аз мол фаровон аз зарродхона ва фаррошхона ва шаробхона ва матбах ва хайма, буна 1 даргирифт ва даҳ ҳазор савор берун рафт ва ҳам дар шаб ба наздики Қизил-малик нома навишт ва аҳвол бинамуд аз он чӣ Хуршедшоҳ бар эшон намуда буд аз аҳволи Қатрон ва гирифтани қалъаи Шоҳак ва куштани Макӯқар ва тартиб додани кӯшун бо даҳ ҳазор, ки меояд. «Акнун дар фалон ҷой мебошем ва оҳиста меронем ва лашкар бозмегирем ва машғул мебошем бояд, ки ту ки Қизилмаликӣ лашкари тамоми бифиристӣ, то лашкар фурӯ гиранд ва ҳамаро бикушанд ва ,

1 Б у н а — асбоб.

пешина
аз 290
навбатӣ