Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

маро бигиранд, ки моли бисёр бо ман аст ва пеши хизмат оранд. Ва агар дар банди шоҳ моро боз хоҳанд надиҳанд, ки эшон қавме баддиланд ва ҳама тарсидаанд ва чун ба хизмат расам, шарҳ диҳам, ки чӣ мебояд кардан».
Номаро мӯҳр барниҳод. Марде буд номи ӯ Раму, пеш хонд, ки мӯътамад буд ва нома ба вай супурд. Гуфт:
— Ба роҳи бероҳ бирав ва ин нома пеши Қизилмалик бар.
Раму нома бистад ва ба роҳ афтод.
Меҳрони вазир нарм-нарм мерафт. Аз он ҷониб Сиёҳгил бо қадре сипоҳ аз дараи Буғрой меомад ва чанд хирвор улуфа ¹ ба лашгаргоҳ мебурд ва бар сари чашма фуруд омада буд. Ногоҳ аз гӯшаи биёбон гарде бархост.
Сиёҳгил нигоҳ кард. Оҳуе дид, ки рӯй бар он чашма ва маргзор ниҳода буд ва чун барқ меҷаст.
Сиёҳгил гуфт:
— Шумо ин ҷойғаҳ мебошед, то ман ин оҳуро сайд кунам.
Ин бигуфт ва пой ба асб даровард ва рӯй ба роҳ ниҳод.
Мерафт.

Сиёҳгил асб метохт. Болое пеш омад. Оҳу бар он боло баршуд ва бар он ҷониб фурӯ шуд. Сиёҳгил ба боло баромад. Нигоҳ кард, оҳу надид. Марде дид, ки чун бод меомад ва он мард Раму буд, ки Меҳрони вазир нома дода буд ва ба Қизилмалик мефиристод. Сиёҳгил биистод, то он мард бирасид. Бонг бар вай зад. Гуфт:
— Аз куҷо меоӣ ва ин чӣ роҳ аст, ки меравӣ?
Раму бо худ гуфт, «Агар бидонад, ки ман аз куҷоам ва ба куҷо меравам, маро ҳалок кунад. Беҳтар аз он нест, ки тадбире созам ва ба лашгаргоҳи эшон равам ва аз он ҷо осон битавонам рафт». Пеши Сиёҳгил омад ва хизмат кард, гуфт:
— Аз Чин меоям, аз пеши шоҳ Фағфур. Меҳрони вазир бо дувоздаҳ ҳазор савор дар ақиби ман меояд. Меравам то Хуршедшоҳро огоҳ кунам, то лашкар ба истиқбол фиристад ва бар ин роҳ меравам, ки наздик аст. Сиёҳгил пиндошт, ки рост мегӯяд. Гуфт: «Донам, ки ин мард ранҷа шудааст» ва ӯро дар паси асби худ бирасонд, то ба лашкаргоҳи худ расид. Сиёҳгил Рамуро бо хештан пеши Хуршедшоҳ бурд. Хизмат кард ва аҳвол бигуфт. Хуршедшоҳ ба Сиёҳгил гуфт:

¹ Улуфа — хӯрдани, хӯрок, озуқа.

пешина
аз 290
навбатӣ