Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Ӯро истиқбол кун бо чаҳор ҳазор савор. Сиёҳгил тартиб мекард, ки истиқбол кунад.
Раму бигрехт ва ба лашкаргоҳи Қизилмалик омад. Нома ба Шокири дабир дод, то бихонд ва аҳвол маълум кард. Сайлам бо Қатур ҳар ду ҳозир буданд. Қизилмалик гуфт:
— Бо дувоздаҳ ҳазор савор биравед ва чунон кунед, ки Меҳрони вазирро бигиред. Дарҳол Сайлам бо Қатур бо дувоздаҳ ҳазор савор бирафтанд.
Раму гуфт:
— Бар ин роҳ натавонед рафтан, ки лашкар дар роҳ парокандаанд. Набояд, ки огоҳ шаванд. Надонам, то чӣ гуна бошад. Ман шуморо ба роҳи дигар бубарам, то бар сари лашкари эшон расонам. Ин бигуфт ва дар пеши лашкари эшон истод ва мерафтанд, то бирасиданд ба болое. Нигоҳ карданд, лашкаргоҳи эшон диданд.
Меҳрони вазир макре сохта буд ва шароби фаровон бо худ оварда буд. Ба ҳар манзил, ки фуруд омадӣ, сипоҳро ба шароб хӯрдан бишондӣ, то чун лашкар бирасанд, эшон ҳама маст ва дар хоб бошанд. Дар он ҳол чун лашкар бирасиданд, эшон ҳама маст ва дар хоб буданд. Сайлам ва Қатур оромида буданд. Бифармуд, то лашкар пароканда шуданд ва гирди эшон фурӯ гирифтанд ва дасти теғ бар эшон кушоданд. Ҳар киро меёфтанд, ё мекуштанд ё мегирифтанд. Меҳрони вазирро низ бигирифтанд ва бар ӯ банд барниҳоданд ва он чӣ буд, ки дар пеш карданд ва рӯй боз пас карданд, ки ногоҳ Сиёҳгил бо сипоҳ бирасиданд ва лашкари бисьёр диданд, ки мерафтанд ва гурӯҳе асирон дар миёни эшон гирифта.
Саворе бидавонид, то бингарад, ки кистанд. Он савор бирафт ва лашкари Қизилмалик дид ва Меҳрони вазирро дид банд барниҳода ва бандиёни бисьёр дид. Бозгашт ва пеши Сиёҳгил омад ва ӯро хабар кард. Сиёҳгил гуфт:
— Аз куҷо расиданд? Акнун чора чист, ки эшон бисёрранд ва мо андак? Ҳама бибояд кӯшид ва пушт ба пушт боздодан ва аз ҳам набояд гусист, то шикасте наёяд. Ва якеро ба Хуршедшоҳ бояд фиристод ва аҳвол бигӯяд, ки чунин аст, то моро мадад фиристад.
Пас, он чаҳор ҳазор савор пеши сипоҳ омаданд ва наъра заданд ва ҷанг карданд. Сипоҳи Қизилмалик чун сипоҳи андак диданд, хуррам шуданд ва дасти теғ бар эшон кушоданд.
Эшон ба ҷанг машғул, аз он ҷониб савор ба лашкаргоҳ омад пеши Хуршедшоҳ ва аҳвол бо шоҳзода бигуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё