Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳзода гуфт:
— Ин аҳвол чӣ гуна будааст? Он лашкар аз куҷо донистаанд?

Рӯй ба Сом кард, гуфт:
— Зуд даръёб. Ҳашт ҳазор савор баргир ва бирав.

Сом хизмат кард ва рӯй ба роҳ ниҳод. Чун Сомро бифиристода буд, Шерӯяи фарзанди Шерафкан бо ҳашт ҳазор савор гуфт, бифристод. Чун сипоҳ рафта буданд, рӯй ба Фаррухрӯз кард ва гуфт:
— Надонам, ки сипоҳи душман чӣ миқдор бошанд? Лашкари моро мадад бояд ё на?

Фаррухрӯз гуфт:
— Банда биравад.

Фаррухрӯз бо чаҳор ҳазор савор бирафт. Лашкар дунболай якдигар мерафтанд.

Аз он ҷониб Сиёҳгил бо лашкар пеши эшон гирифта буданд ва ҷанг мекарданд. Лашкари Қизилмалик ҷаҳд мекарданд, ки эшонро аз ҳам ҷудо кунанд, натавонистанд. Пас, як шабу як рӯз бирафт, наздик буд, ки шикаст ба лашкари Хуршедшоҳ ояд, ки Соми паҳлавон бирасид, бо ҳашт ҳазор савор аз роҳ наъразанон худро ба лашкари душман заданд ва мекуштанд ва меафканданд, ки аз пас Шерӯяи писари Шерафкан расид. Шаб тира буд, якдигарро намедиданд. Табли осоиш бизаданд ва лашкар фуруд омаданд.

Шерӯя бифармуд, то даҳ ҳазор савор ба талоя бадар рафтанд. Ними шаб Фаррухрӯз даррасид. Аз паҳлавонон пурсид, ки аҳвол чист? Сипоҳ аҳвол бигуфтанд. Пас, ҳамгинон мебуданд, то субҳ баромад. Фаррухрӯз бифармуд, то табли ҷанг фурӯ кӯфтанд ва аз ҳар ду ҷониб сипоҳ биёростанд. Фаррухрӯз гуфт:
— Эшонро маҳалли он набошад, ки ҷанг ба қоида кунем. Бифармуд, то ҳар ки дар сипоҳи вай тирандоз буд, пеш рафтанд ва ба якбор дасти тир бар эшон карданд. Ҳар як се чӯба тир бияндохтанд ва аз он шаш ҳазор мард ва асп ҳалок карданд. Пас, лашкар гирди эшон баромаданд ва дасти теғ бар эшон кушоданд ва бисёр аз эшон бикуштанд ва ҳар ки аз эшон хостанд, ки бигрезанд, роҳ бар эшон гирифта буданд. Аз роҳ эшонро меандохтанд, то аз миёни он ҳама ошӯб Сиёҳгил даромад ва Сайламро даръёфт ва ӯ бигрифт: Агарчи Сайлам аз ӯ зиёдат буд, дар он ҳолат аз ниҳеби лашкар саросема буд. Сиёҳгил

пешина
аз 290
навбатӣ