Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

худ кор бисозам» ва аҳволи қалъаи Шоҳак ва куштани Мақӯқар ва гирифтани Қатрон бознамуда буд.

Фаррухрӯз чун нома бархонд, фурӯ монд. Бонг бар Меҳрони вазир зад. Гуфт:

— Эй ҳаромзодаи бадфеъл, чӣ кор буд, ки ту кардӣ?

Меҳрони вазир гуфт:

— Эй паҳлавон, дурӯғ мегӯяд. Ман аз ин хабар надорам.

Қатур гуфт:

— Эй ҳаромзодаи саг, чанд ҳазор мард барбод додӣ ва ба оқибат мегӯй, ки ман хабар надорам. Ин нома на ту навиштӣ? Ва зани худ бо духтарон чаро ба мо фиристодӣ, то ба наво 1 медорем?

Фаррухрӯз чун бишнид, ки Меҳрони вазир зан ва фарзандони худ ба наво фиристодааст, бифармуд, то Меҳронро банд барниҳоданд, бо Қатур ва Сайлам, ҳар серо пеши Хуршедшоҳ оварданд бо он молу ғанимати фаровон.

Фаррухрӯз ҷумлаи аҳволро бозгуфт ва он нома ба Хуршедшоҳ дод. Хуршедшоҳ рӯй ба Меҳрони вазир кард, гуфт:

— Эй ҳаромзодаи саг, бо ту чӣ кардаам, ки ин ҳама бадфеълӣ кардӣ ва мекунӣ ва туро аз ин мақсуд чӣ буд?

Меҳрон сар дар пеш афканда ва ҳеҷ сухан намегуфт.

Арғуни сарчӯпон гуфт:

— Эшонро банд барбояд ниҳодан ва ба дараи Буғрой фиристодан то мо аз ҷанг фориғ шавем. Ман кори эшон бисозам.

ПАС, ҳар серо банд барниҳоданд ва дувист савор бо эшон ҳамроҳ карданд ва ба дараи Буғрой фиристоданд.

Ҷамоате аз ҳазиматиён 2 ин хабар ба лашкаргоҳ бурданд ва ба Қизилмалик бозгуфтанд. Дилтанг шуд, ки ҷосус бирасид ва гуфт:

— Эй шоҳзода, Сайлам ва Қатур ва Меҳрони вазир ҳар серо банд барниҳоданд ва ба дараи Буғрой фиристоданд. Қизилмалик ғамнок шуд ва боргоҳ сохт ва паҳлавонони сипоҳро бихонд ва аҳвол бигуфт, ки:

— Чунин коре афтод ва дувоздаҳ ҳазор савор ба як ҳаракат ҳалок шуданд ва ду паҳлавон чун Сайлам ва Қатур дар банд афтоданд ва Меҳрони вазирро бигирифтанд магар аз сирри ӯ огоҳ шуданд. Тадбир чист?

1 Наво — гарав.
2 Ҳазиматӣ — гуреза.

пешина
аз 290
навбатӣ