Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қонун ва Кофур ҳозир буданд. Хизмат карданд ва гуфтанд:
— Эй шоҳзода, ин кор на чунон аст, ки мо ҳастем. Мо андеша дар кори дигар бурда будем. Акнун коре дигаргун бибояд кардан ва аз дунболай паҳлавонон бибояд рафтан. Бошад, ки эшонро аз банд берун оварем.

Қизилмалик эшонро дуо кард. Пас, эшон бар он кор машғул шуданд, ки дар дараи Буғрой чист, ки ба даст намеояд ва ғариб бошад ва зуд бихаранд. Касоне, ки он ҷоро дида буданд, гуфтанд, ҳама чиз ба даст ояд, магар шароб, ки аз вилоятҳо ба он ҷо баранд. Қонун чун бишунид, бар он кор машғул шуд. Ва тартиб мекард, ки Қатур ва Сайлам ва Меҳрони вазирро аз банд берун оварад.

Аммо аз ин ҷониб чун Самак ва Оташак аз пеши Хуршедшоҳ рӯй ба Мочин ниҳоданд ва Самак ғариб буд ва Оташак аз он шаҳр буд ва на ҳама кас ӯро мешинохтанд. Ҳарду ба корвонсарое рафтанд ва хонае бигирифтанд ва фуруд омаданд. Ду рӯз биёсуданд. Рӯзи саввум бархостанд ва гирди шаҳр мегаштанд ва ҳар ҷой медиданд. Самак ҳар ҷой нишон мекард, то сарои Оташак. Ҳар ҷойгоҳ чунон дид, пиндоштӣ, ки ҳазор сол аст, то дар он шаҳр аст.

Пас, рӯзи дигар ба гармоба рафтанд ва сару тан бишустанд ва дар гармоба пире буд. Самак бо вай ҳар гуна сухан мегуфт, чун хеше густох. То як бор аз он мард пурсид, ки исфаҳсолори ин шаҳр кист? Пир гуфт:
— Исфаҳсолори ин шаҳр Қонун аст ва ин ҷо нест. Магар ба коре рафтааст.

Самак гуфт:
— Ӯ худ ба чӣ кор рафтааст — Дигар Самак гуфт.— Эй пир, дар ин шаҳр Қонун касе дорад?

Гуфт:
— Бале, ӯро зан ва фарзанд ҳаст ва сарои вай дар бозори Гандумфурӯшон аст. Ӯро ду писар аст: якеро ном Беҳзод ва яке Размьёр ва паҳлавононанд.

Самак дар гармоба аз он пир ҳар сухане мепурсид, то аз гармоба берун омад.

Самак Оташакро гуфт:
— Сарои Қонун куҷост?
Оташак дар пеш истод, то дар сарои Қонун омаданд. Хизматгоронро бидиданд, истода. Салом карданд.

Самак гуфт:
— Моро исфаҳсолори шаҳр Қонун мебояд.

пешина
аз 290
навбатӣ