Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Хидматгорон гуфтанд:
— Исфаҳсолор ин ҷо нест, ба сайд рафтааст.
Самак гуфт:
— То чанд рӯз рафта бошад?
Эшон гуфтанд:
— Магар як-ду моҳ бозояд.
Самак гуфт:
— Дар хона касе дорад?
Эшон гуфтанд:
— Ду писар дорад, ки ҷойгоҳи вай нигоҳ медоранд. Агар коре доред, бигӯед.
Самак гуфт:
— Дарравед ва бигӯед, ки ду тан омадаанд ва талаби хизмат мекунанд.
Яке дар сарой рафт ва ба Беҳзод гуфт, ки ду мард омадаанд ва талаби хизмат мекунанд. Беҳзод ва Размъёр гуфтанд:
— Эшонро дароваред.
Пас, ҳар дуро дар сарой бурданд. Чун даромаданд, хизмат карданд. Беҳзод ва Размъёр посух гуфтанд.
Самак забон баркушод ва гуфт:
— Мо ду марди ғарибем. Пайваста хизмати мардон кунем ва аз Бухоро меоем ва бо овозаи шумо бар ин вилоят омадаем. Яке Шағоли Пилзӯр, ки аз шаҳри Чин мебошад ва яке Конун дар ин шаҳр. Хабар пурсидем. Гуфтанд: Шағол ба масоф рафтааст. Ӯро надидем. Бар ин вилоят омадем, ба хизмати Конун. Ӯро ҳам надидем. Агарчи маҳрум бозмондем, аммо чун исфаҳсолорзодагон инҷоанд, моро ташриф аст.
Беҳзод ва Размъёр гуфтанд:
— Падари мо ба шикор рафтааст. Биншинед, то биёяд. Чун биёяд, шуморо темор дорад, ки падари мо мардонро дӯст дорад. Хосса, ки ғариб бошанд.
Оташак ва Самак хизмат карданд ва бо вай мебуданд. Беҳзод ва Размъёр эшонро биншонданд. Дарҳол бифармуд, то эшонро таом оварданд ва бихӯрданд. Пас ба шароб хӯрдан машғул гаштанд, то шаб даромад. Самак бархост ва хизмат кард ва гуфт:
— Мо ду марди ғарибем. Шароб чандон бояд хӯрд, ки беадабӣ накунем ва аз мо дар вуҷуд наёяд ва роҳ ба сарой донем.
Беҳзод ва Размъёр гуфтанд:
— Чун ба хизмати мо омадаед, ин ҷойгоҳатон мебояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё