Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

будан, ки сарои фароҳ ва наздик аст ва ҳуҷраҳо бисёр ва роҳ дар боғ дорад. Ҳар куҷо, ки мехоҳед мебошед. Ва фориғ бошед.

Самак ва Оташак хизмат карданд. Пас, эшонро ба ҳуҷра бурданд ва ҳама тартибе соз доданд. Самак ва Оташак дар он ҳуҷра биёсуданд. Чун рӯз равшан шуд, ҳар ду ба хизмат омаданд ва бар ин қоида мебуданд, то се рӯз баромад. Оташак рӯӣ ба Самак кард ва гуфт:

— Эй паҳлавон, мо ба ин шаҳр ба алаф хӯрдан омадаем ё ба талаби Дилором? Рӯзгор меравад ва ба лашкаргоҳ мебояд рафтан, ки Қонун он ҷост. Набояд, ки коре кунад, ки мо бар он саргардон шавем.

Самак гуфт:

— Эй бародар, ҳама коре ба эҳтиёт ба сар шояд бурдан, ки корҳо аз газоф 1 кардан пушаймонӣ орад ва мард бояд, ки ҳар коре, ки кунад, пушаймон нашавад ва мард бояд, ки чун дар коре хоҳад рафтан, берун омаданро талаб кунад, то ӯро он кор мусаллам бошад. Ва дигар ман Дилоромро намешиносам ва намедонам, ки куҷост ва бар ин кор машғулам, ки ба даст орам.

Оташак гуфт:

— Эй паҳлавон, мани банда ӯро мешиносам ва роҳ низ ба мақоми вай медонам.

Самаки айёр гуфт:

— Имшаб ҷаҳд кунем, ки ба тавфиқи яздон кори вай бисозем.

Мебуданд, то шаб даромад. Самаки айёр бархост ва силеҳ дарпӯшид ва Оташак низ дарпӯшид ва корду каманд ва он чи боист, баргирифтанд ва аз дари боғ бадар рафтанд ва иттифоқ чунон буд, ки Беҳзод ва Размьёр то Самак ва Оташак омада буданд, пеши эшон, қавоми кори эшон ҳар шаб мегирифтанд ва ҳар шаб аз хона берун омадандӣ ва гирди сарой ва ҳуҷра нигоҳ доштандӣ. Пас, он шаб омада буданд ва Самак ва Оташакро диданд, ки аз боғ берун рафтанд, силеҳ пӯшида.

Беҳзод гуфт, ба Размьёр:

— Моро бибояд рафтан ва эшонро нигоҳ доштан, то чӣ хоҳанд кардан.

Ҳарду бар паи эшон рафтанд ва қавоми кори эшон мегирифтанд ва нигоҳ медоштанд, то он гоҳ, ки ба зери сарои шоҳ омаданд. Самак бо Оташак гуфт:

— Мақоми Дилором куҷост?

1 Газоф — гапи беҳуда, дурӯғ.

пешина
аз 290
навбатӣ