Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Гуфт:
— Эй паҳлавон, дар шаробхонаи шоҳ мебошад ва аз он ҷониби сарой аст.
Ҳарду гирди саройи шоҳ бармегаштанд. Посбонон ва ятоқдорон овоз доданд. Ҳамчунон мегаштанд, то ба гӯ- шае расиданд. Посбон овоз медод, ки: «Мебинам».
Самак гуфт:
— Эй Оташак, дурӯғ мегӯяд, ки худ дар хоб аст. Пас, гуфт: — Каманд барандоз.
Оташак каманд барандохт ва дарнагирифт.
Самаки айёр гуфт:
— Шод бош, эй марди айёрпеша, каманд чунин андо- занд? Ба ман деҳ.
Каманд аз вай бистад.
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон Самак, аз барои он ба хизмат омада- ам, то биёмӯзам.
Беҳзод ва Размёр дар қавом буданд. Чун номи Самак шуниданд, бидонистанд, ки эшон кистанд. Бо ҳам гуфтанд: «Ин Оташак аст, аз ин шаҳр аст. Ва хизматгори Қатрон аст. Мо худ ӯро шинохтем ва ин Самаки айёр аст, ки ин ҳама фитна дар ҷаҳон афкандааст. Ва падари мо ба талаби вай рафтааст. Ба макр ва ҳила бар ин ҷойгоҳ омадааст, ки коре бикунад. Бигзорем, то дар сарои шоҳ ва он гоҳ эшон- ро дар нақм бигирем, коре карда бошем. Моро мебояд буд».
Ин бигуфтанд ва пинҳон мебуданд, то Самаки айёр каманд ба даст гирифт ва ҳалқа кард ва дар рӯи ҳаво бар- андохт. Ҳам дарҳол дар кунгураи сарои шоҳ андохт ва маҳкам шуд ва даст дар каманд зад ва ба боло баршуд. Нигоҳ кард посбононро дид, дар хоб шуда.
Самак дарҷаста ва гулӯи посбоне бигрифт.
Посбон гуфт:
— Ту кистӣ?
Гуфт:
— Самаки айёр.
Посбон номи Самак нашнида буд, гуфт:
— Самак чӣ бошад ва чӣ кор дорад?
Гуфт:
— Манам маликулмавт. Бигӯй, то мақоми Дилороми шаробдор куҷост? Рост бигӯй, то туро ба ҷон зинҳор ди- ҳам.
Посбон гуфт:
1 Ятоқдорон — посбонон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё