Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй Самак, ту чӣ маликулмавте бошӣ, ки роҳ ба Дилором надонӣ? Акнун агар маро наёзорӣ ва ба ҷон амон диҳӣ, бигӯям.
Самаки айёрро он нукта гуфтани посбон хуш омад. Гуфт:
— Эй мард, туро ба ҷон зинҳор додам; агар савганд хӯрӣ, ки рози мо нигоҳ дорӣ ва ошкоро накунӣ ва ба ғамзи1 мо накӯшӣ.
Посбон савганд хӯрд, ки роз ошкоро накунад ва ҳеҷ касро хабар надиҳад ва бо эшон яке бошад. Самак дасту пой аз вай бидошт, гуфт:
— Акнун мақоми Дилором куҷост?
Посбон гуфт:
— Дар баробари он гунбад ҳуҷраест ва он шаробхона аст, Дилором он ҷо бошад.
Самак бо Оташак бар он ҳуҷра рафтанд ва дар сӯрохи ҳуҷра нигоҳ карданд, ҳама олоти базм биёроста ва шамъ афрӯхта ва Дилором хуфта. Оташак чун Дилоромро дид, гуфт:
— Эй паҳлавон, Дилороми ман аст ва дилу ҷони ман аст ва ин аст, ки маро саргардон кардааст. Зуд даръёб.
Самаки айёр корд баровард ва сӯрохи ҳуҷра фарох кард, чунон ки ҳеҷ хок дар зер нашуд. Пас гуфт:
— Эй Оташак, дар зер рав ва ӯро баровар.
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон тарсам, ки дасту пои ман суст гардад ва коре аз дасти ман барнаёяд.
Самак гуфт:
— Эй Оташак, Дилороми ту ба гувоҳии яздон хоҳари ман аст, аз баҳри он, ки агар дасти ман бар андоми вай ояд, туро гумони бад дар дил наёад.
Ин бигуфт ва каманд ба дасти Оташак дод ва даст дар каманд зад ва фурӯ рафт. Нигоҳ кард, чандон тароифи2 созҳои маҷлиси базм дид, ҳама мурассаъ3 карда. Гуфт: «Ба яздони додори кирдигор, ки аз ин олатҳо ба ҷиҳати базми Хуршедшоҳ бибарам, ки бе маҷлис ӯро нашояд». Пас, он чӣ сози маҷлис буд заррин ва симин, дар сандуқе ниҳод ва дигар даромад аз шикоф дар ҳуҷра нигоҳ кард. Ҳеҷ касро надид ва овози кас нашнид. Бозгашт ва ба болини Дилором омад ва ӯро биҷунбонид.
1 Г а м з — тӯҳмат.
2 Т а р о и ф — чизҳои латиф, молҳои наву тоза.
3 М у р а с с аъ — ороишдода (бо ҷавоҳирот).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё