Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Дилором аз хоб биҷаст, якеро дид силеҳ пӯшида, гуфт:
— Ту кистӣ?
Гуфт:
— Эй Дилором, манам Самаки айёр. Пайғоме дорам. Туро ба наздикии Оташак хоҳам бурдан.
Чун Дилором номи Оташак шунид, сокин шуд аз баҳри он, ки дониста буд, ки Оташак ӯро дӯст медорад ва Оташак бисёр ба хизмати вай расида буд. Ӯро ба ҳеҷ дарнарифтӣ. Пас, чун ҳол чунон дид, дам даркашид. Самак дасту пои вай дарбаст. Дилором гуфт:
— Маро дасту пой мабанд, ки ман худ бо ту биёям. Ту аз кадом роҳ омадӣ?
Гуфт:
— Аз болои сари ту омадам, бингар, ки Оташак истодааст ва дар ту нигоҳ мекунад. Раво бошад, ки туро даст ва пой набандам, аммо чунин мебояд.
Пас карбос ба даст овард ва ба даҳони Дилором оганд 1. Оташак аз боло менигарид. Гуфт:
— Эй паҳлавон, аз барои худо макун, набояд, ки вайро нафас бигирад. Самак бихандид ва гуфт:
— Матарс, ки ӯро ранҷе нарасад, ки бодинҷони тухмаро офот нарасад.
Пас, каманд дар банди сандуқ баст. Гуфт:
— Эй Оташак, баркаш.
Оташак қувват кард ва натавонист. Гуфт:
— Зӯр надорам.
Самак гуфт:
— Худ ба чӣ кор бозой, ки ҳеҷ кор наметавонӣ кардан.
Самак даст дар каманд зад ва ба боло баромад ва сандуқро баркашид.
Самак гуфт:
— Эй Оташак, дар зер рав ва Дилоромро дарбанд, то баркашем.
Оташак даст дар каманд зад ва ба зер шуд ва бар пои Дилором афтод ва дасту пои вайро бӯса медод, то Самак бонг бар вай зад, гуфт:
— Ин чӣ беадабист? Ӯро дарбанд, ки рӯзгор меравад. Дилоромро дарбаст. Самак ӯро баркашид, гуфт:
— Эй Оташак, ту бар ҷои Дилором мебош ва кори вай мекун, ки коре осон аст ва ҳеҷ кор дигар наметавонӣ кардан.
Оташак фарёд баровард ва гуфт:
1 Оганд — пур кард, ҷой кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё