Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй паҳлавон, ин чӣ сухан аст, ки ту мегӯӣ? Ман аз куҷову шаробдорӣ аз куҷо? Агар маро бибинанд, бику-шанд. Маро раҳо хоҳӣ кардан, Дилором пеши ман фирист.
Самак гуфт:
— Эй Оташак, мӯътамади подшоҳ пеши ту раҳо ната-вон кард, ки ҳанӯз эмин нашуда будӣ ӯро ту медорӣ(?) Агар ӯро пеши ту раҳо кунам, кор дигаргуна шавад. Ман ин кор накунам. Ту он ҷойгоҳ мебош, ки ман рафтам.
Оташак хурӯш баровард, гуфт:
— Эй паҳлавон, бар ҷони ман зинҳор махӯр, ки баъд аз ин ҳамаи корҳо бикунам, он чӣ фармой.
Самакро ханда омад аз оҷизӣ кардани вай. Каманд фу-рӯҳишт 1. Оташак баромад, гуфт:
— Эй паҳлавон, некӯ коре бихостӣ кардан, ки маро дар ҳалок меафкандӣ.
Самак гуфт:
— Эй бародар, аҷаб аз ҷон метарсӣ! Ман туро меоз-мудам. Намедонӣ, ки ман туро ба ҷон раҳо накунам?
Офарин кард, гуфт:
— Эй паҳлавон, дурӯғ нашояд гуфтан, азим тарсидам.
Пас, гуфт:
— Биравем.
Самаки айёр гуфт:
— Куҷо равем?
Оташак гуфт:
— Бар он роҳ, ки омадем.
Самак гуфт:
— Бад-он роҳ натавонем рафтан, ки Беҳзод ва Разм-ёр моро бигиранд.
Оташак аҷаб дошт. Гуфт:
— Ин чӣ сухан аст, ки ту мегӯӣ? Эшон куҷоанд?
Самаки айёр гуфт:
— Эй Оташак, чун мо аз боғ берун омадем, эшон дар қафои мо буданд ва қавоми кори мо мегирифтанд. Ман эшонро нигоҳ медоштам. Ман бо ту нагуфтам, донистам, ки туро аз эшон тарсе бошад. Дар фалон ҷойгоҳ пинҳо-нанд.
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, зуд бош, ки мо биравем, набояд, ки фарёд бароваранд ва моро дар андруни сарой бигиранд ва бемақсуд бимонем.
Самаки айёр гуфт:

1 Фурӯҳишт — партофт, овезон кард.

пешина
аз 290
навбатӣ