Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Истодаанд, то мо кор тамом кунем ва бозмеоем, овоз бароваранд, то моро бигиранд. Ба дурустӣ моро ба гӯшаи дигар бояд рафтан.
Оташак офарин кард. Пас, ба гӯшаи дигар омаданд. Ҷойгоҳе холӣ буд. Каманд аз боло фурӯ гузоштанд. Оташак дар зер шуд ва сандуқ ва Дилором фурӯ гузошт. Он-гоҳ Самак фурӯ шуд ва каманд барафканд. Оташак гуфт:
— Сандуқ ва Дилором куҷо барем?
Самак гуфт:
— Эй бародар, ман пиндоштам, ки ту чизе медонӣ ва ҳар коре битавонӣ кардан. Акнун бидонистам, ки ҳеҷ кор намедонӣ. Ман аввал ҷойгоҳ ба даст овардам, пас ин кор кардам. Ту Дилоромро баргир, бо ман биёй, ки ман бад-син омадам, ки ту аз ин шаҳр ва ҳама ҷойгоҳ бидонӣ. Чун бидидам ту аз ман ғарибтарӣ ва дар ин кор, ки пой ниҳодӣ ҳеҷ намедонӣ.
Ин бигуфт ва сандуқ баргирифт. Ва дар пеш Самак истод ва Оташак Дилором баргирифт ва мерафтанд, ки бар сари кӯчаи Ҳумор расиданд.
Самак гуфт:
— Бар дасти чапи ин кӯча хонае ҳаст. Бирав ва ҳалқа зан. Овоз ояд. Бигӯй: «Манам Оташак, маро Самак фиристодааст», ки ман худ бо туам.
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, ин сарой азони кист?
Самаки айёр гуфт:
— Азони Ҳумори ҷавонмард.
Оташак гуфт:
— Ҳумор кист? Ва аз куҷо шинохтӣ, ки то дар ин шаҳр омадӣ, бар ин кӯча нарафтӣ ва бо касе туро гуфтугӯй набуд ва донам, ки ту ҳаргиз ин вилоят надидай, ки ман аз ин шаҳр ва роҳ бар ин кӯча намедонам.
Самак гуфт:
— Он мард аст, ки дар гармоба буд. Он рӯз сухан бо ман мегуфт. Ман рози хеш ошкоро кардам бар вай, вай бо ман савганд хӯрд ва аҳд кард ва нишони сарой ба ман дод. Ва ин сарои вай аст.
Оташак офарин кард. Ҳарду ба сарои Ҳумор омаданд. Оташак ҳалқа бар дар зад ва овоз омад, ки: «Кист?»
Оташак гуфт:
— Ошност.
Пирамард ба зер омад ва дар бикшод. Оташакро дид, гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё