Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту кистӣ?
Гуфт:
— Манам хизматгори Самак.
Хумор гуфт:
— Самак куҷост ва ин чист?

Самак пеш рафт ва салом кард. Хумор чун ӯро бидид, хуррам шуд. Ӯро дар канор гирифт. Пеш истод ва эшонро дар сарой овард ва ҳуҷра холӣ кард ва эшонро биншонд ва сандуқ ва Дилором он ҷо бинҳоданд то биёсуданд ва ҳамаи аҳвол ба Хумор бигуфтанд ва он ҷо мебурданд.

Аммо аз он ҷониб Беҳзод ва Размъёр истода, то Самак ва Оташак биёянд ва эшонро бигиранд. Чун соате нек бигзашт ва наёмаданд, Беҳзод ва Размъёр гуфтанд, агар наёянд, номи зиште бувад. Сабр кунем, то бингарем, куҷоанд? Мебуданд. Фурӯ монданд ва гуфтанд: «Куҷо рафта бошанд? Мумкин бошад, ки гирифтор омаданд». То вақти субҳ истода буданд. Пас аз он бозгаштанд ва ба сарой омаданд ва ҳамоил дарафканданд ва бо чанд хизматгор ба хизмати шоҳ рафтанд ва хизмат карданд ва гӯш бинҳоданд, то ҳеҷ сухан буд.

Пас, шоҳ бифармуд, ки хон бинҳед. Хон бинҳоданд ва нон бихӯрданд. Пас, маҷлиси базм фармуд. Кас ба сарои шаробхона рафт, ки сози маҷлис биёварад. Чун биёмаданд, дар баста буд ва дар бикшоданд ва ба шаробхона рафтанд, касе набуд ва Дилором набуд ва шаробхона диданд баҳам карда ва бисёр олоти маҷлис бурда. Бозомаданд ва шоҳро огоҳ карданд.

Шоҳ гуфт:
— Бингаред, ки Дилором магар ба ҷое рафта бошад ва олоти шаробхона бо худ бурдааст.

Мӯътамадони шоҳ биёмаданд ва ҳама ҷойгоҳ бигардиданд ва талаб карданд. Дилором набуд ва ҳама банду баст буд. Ҳеҷ гумон аз дарича набурданд ва ҳеҷ сӯрохеву нақме надиданд. Биёмаданд ва бо шоҳ бозгуфтанд. Ва аз он кор аҷаб доштанд. Шоҳ дилтанг шуд. Пас, Шаҳрони вазир гуфт.

— Эй шоҳ, ин кор далел мекунад 1, ки Дилором кардааст. Ӯро бо касе ҷонибе 2 будааст ва ин кор кардааст. Зан,

1 Далел мекунад — далолат, исбот мекунад.
2 Яъне: бо касе тараф будааст.

пешина
аз 290
навбатӣ