Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
агарчи мастур ва муътамад бошад, майл ба касе кунад, аз вай мастурӣ бархезад. Ва агар ӯ бо касе будӣ, дарбонон ва посбонон хабар шуданд. Дареғо Кофур, ки ин ҷойгах нест, вагарна ба даст овардӣ, ки ин кор чун буддааст.
Беҳзод ва Размъёр истода буданд ва мешуниданд. Гуфтанд: «Агар бигӯем, ки мо эшонро дидем, моро маломат расад ва бими ҳалок бошад. Ҳеҷ набояд гуфт».
Беҳзод гуфт:
— Эй бародар, биё, то биравем ва талабгори эшон бошем, магар эшонро ба даст тавонем овардан, ки охир аз ин шаҳр берун нарафтаанд. Ин андеша мекарданд, то Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй писарони Конун, падари шумо ин ҷойгах нест. Бояд, ки ҷустуҷӯи ин кор шумо бикунед.
Эшон хизмат карданд ва аз сарой берун омаданд ва ба сарои хеш омаданд, сахт ғамнок.
Хидматгорон ва айёрон ҳозир карданд ва гуфтанд: «Дилором аз хонаи шоҳ бигрехтааст ва чанд олоти маҷлис, зарринаву симина бурдааст. Бешак, бо касе дамсоз будааст, инчунин кор кардааст, ки ин кор танҳо накардааст. Бояд ки ҳар даҳ тан ба гӯшае бадар равед ва нигоҳ доред ва ҳар ки биёяд аз зан ва мард, ӯро нигоҳ доред, ки: «Ман дар ин шаҳр талабгори ту мебошам». Бошад, ки эшонро ба даст оварем». Беҳзод ва Размъёр мардонро ба роҳҳо фиристоданд ва худ дар шаҳр талабгори Самаку Дилором ва Оташак мебуданд.
Аммо чун Самаку Оташак сандуқ ва Дилором дар сарои Хумор бурданд, он шаб биёсуданд. Чун рӯз равшан шуд, бо Хумор гуфт:
— Ба дари сарои шоҳ рав ва аҳвол боздон, ки чӣ мегӯянд ва чӣ месозанд ва зуд биёӣ.
Хумор омада буд ба дари сарой ва он ҳама, ки Шаҳрони вазир мегуфт ва сохта он чӣ Беҳзову Размъёр сохта буданд маълум кард. Биёмад ва бо Самак бозгуфт. Самак гуфт: Шароб оварданд ва машғул шуданд.
Хумор ду писар дошт. Якеро Собир ва якеро Самлод ном буд. Ҳар ду бо падар ва Самаку Оташак ба шароб хӯрдан бинишастанд. Оташак ҳар соат сифати мардӣ ва айёрии Самак бозмегуфт.
Самак гуфт:
1 Мастур — пӯшида.
2 Муътамад — эътимоднок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё