Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй Оташак, касро маситой, хосса, ки ҳозир бошанд ситудани мардон дурӯгист. Эшон нек бошанд, то ҳар касе писандида доранд. Пас, гуфт:

— Эй озодмардон, ин чист, ки ман кардам ба шаби сияҳ ки ҳеҷ кас надид. Коре пинҳон кунанд, осон бошад. Агар ба рӯзи равшан биравам, писарам Конунро, ки исфаҳсолори шаҳр аст, биёварам, нек бошад.

Ҳумор ва Собир ва Самлод ва Оташак бар вай офарин карданд. Гуфтанд:

— Эй паҳлавон, чун кунӣ ва чӣ гуна тавонӣ овардан, ки эшон туро талаб мекунанд ва туро дар об меҷӯянд. Чун туро бибинанд, ночор бишносанд.

Самак гуфт:

— Раво бошад. Бингаред, то чӣ созам.— Гуфт: Эй Ҳумор маро аз сарои занон дасте ҷома биҳоҳ.

Ҳумор дасте ҷомаи занонаи некӯ бо ҷодар ва мӯза биёвард ва он чӣ ба кор боист, биёвард ва пеши Самак бинҳод. Дилоромро гуфт:

— Маро ба зане некӯ баророй.

Дилором Самакро баророст, чунон ки сифат натавон кард ва бисёр атру бӯи хушу бухур 1 дар вай ба кор бурд. Мӯза дар пой кард ва ҷодар ба сар даркашид ва ниқоб барбаст ва бо карашмаву раъной аз хона берун омад ва гуфт:

— Шумо ба ғурфа 2 нигоҳ мекунед, то омадани ман бошад.

Самак рӯй ба роҳ ниҳод. Дар ҳамаи бозорҳо ва маҳаллаҳо ва кӯчаҳо бармегашт, ҳар ки дар вай нигоҳ мекард. То бар кӯчае расид, Беҳзодро дид меомад ва ҳамоил афканда ба танҳои. Самак дар паҳлуи Беҳзод омад ва ба қасд дӯш бар дӯши Беҳзод зад ва баргузашт. Беҳзодро бӯи атр ба димоғ расид. Дар вай нигоҳ кард. «Зане» боҷамол ва раъно дид, ки мерафт ва ғунҷ 3 мекард. Бозистод ва аз паси вай нигоҳ мекард. Гуфт «Агар боз пас нигарад, бо ман коре дорад. Магар маро хостдор аст. Пас, агарна ба кори хеш меравад ва хато буд, ки дӯш бар дӯши ман зад».

Бингаред, ки чӣ қавманд занон, ки ба як карашма марде, ки ба шакли зане баромада буд чунон Беҳзодро саросема кард ва бар ҷой бидошт, чунон ки як қадам пеш натавоҷ.

1 Бухур — хушбӯе, ки аз сӯхтаии чизе монанди уд у сандал ҳосил шавад.
2 Гурфа — болохона бар канори бом.
3 Ғунҷ — нозу карашма.

пешина
аз 290
навбатӣ