Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нист ниҳод. Пас, чун Самак аз вай даргузашт, боз пас нигоҳ кард. Беҳзодро дид истода ва дар вай менигарид. Самак ӯро ишора кард, яъне «биё». Беҳзод чун ишорати вай бидид, хуррам шуд. Гуфт. «Донистам, ки ин зан маро мехоҳад». Аз қафои вай рафтан гирифт. Самак мерафт ва боз пас менигарид. Беҳзод шитоб мекард, то Самак бар сари кӯча расид, биистод ва худро бар сари остин бод мезад, яъне маро гарм аст ва ҷома меафшонд ва бӯи атр аз вай то ба дур ҷой мерафт, то Беҳзод ба вай расид. Салом гуфт. Самак бо овози нарм ва латифи ширин бо ҳаловат ва малоҳат гуфт:
— Эй ҷавон, ки дунболи ман дорӣ, чӣ кор ва чӣ ҳоҷат дорӣ? Бигӯй, аз баҳри чӣ ту ин ҷо истодай?
Беҳзод чун сухан гуфтани бад-он хушӣ аз вай бидид, дилаш бар вай майл кард, зиёдат аз он. Гуфт:
— Эй дилбар, ҳеҷ мумкин бошад, ки аз рӯи латофат ва зарофат ва мардӣ як соат ба ҷамоли хеш моро осоиш диҳӣ? Ба сарои ин кеҳтар ой ва обе сард бозхӯрӣ ва замоне биёсой ва аз ин гармо сокин шавӣ. Маро аз он роҳате бошад ва туро номи ҷавонмардӣ бувад.
Самак гуфт ба лутфе хуш, ки:
— Эй ҷавонмард, маро ба чашми дигарон мангар, ки ман ҳаргиз ин кор накардаам. Он рӯз мабод, ки аз ман хатое ояд ва ё низ раво дорам.
Ин мегуфт ва ҷома меафшонд ва чашмҳо мегардонид. Беҳзод ба худ гуфт: «Ӯро бурдам бар далели он, ки ҳар он зане, ки бо вай сухан гӯй ва аз ҳар гуна бо ту муҷодила кунад ва сухани сахт гӯяд ва худро покдоман ва парҳезкор намояд, ӯро сайд кардӣ. Зан он соат биёфтӣ, ки туро дашном диҳад».
Пас, Беҳзод гуфт:
— Эй, моҳрӯй, бад гуфтам, ҳошо, ки аз ту бадӣ ояд, ё ман худ аз ту чашми ин дорам, то чун дигарон дар ту нигоҳ кунам, ки «Ҳар кор падид ва марди ҳар кор падид». Донам, ки дар ту ҷавонмардӣ бошад, ки ҳар киро рӯи некӯ бувад, бо мардум некӯӣ кунад, аз рӯи карам ва ҷавонмардӣ. Мегӯям соате ба сарои ман ой ва биншин ва биёсой, то ошно гардем ва нон дар намак занем. Пас, ҳар куҷо, ки хоҳӣ, бирав.
Самак бо худ гуфт: «Аз ҳад нашояд бурдан, ки гумони шикаст шавад». Гуфт:

1 Кеҳтар — камина.

пешина
аз 290
навбатӣ