Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй ҷавон, аз туам шарм меояд, ки бас хушсуханӣ ва мардумӣ мекунӣ.— Гуфт: — сарои ту куҷост?
Гуфт:
— Дар сарои Гандумфурӯшон.
Самак гуфт:
— Эй ҷавонмард, роҳи дур аст ва гармо гарм аст ва сарои ман наздик аст. Ба сарои ман равем, ки холист.
Беҳзод дар ҷуволи ӯ рафта буд, ки зани боҷамол аст ва ӯро дар канор мебояд гирифт. Ва гуфт:
— Фармон турост. Ризои ту ба даст оварем. Рав, то равем.
Самак дар пеш истод ва Беҳзод дар асар. То бар сари кӯчаи Хумор расиданд. Хумору Оташак аз панҷара нигоҳ мекарданд. Беҳзодро диданд, ки аз қафои Самак меояд, аҷаб доштанд, то Самак биёмад, дар зад. Канизаке ба зер омад ва дар бикшод. Самак дар сарой шуд ва Беҳзодро дар сарой хонд. Беҳзод даромад ва ӯро дар суффа биншонд.
Самак ҳамчунон истода буд, то Беҳзод гуфт:
— Эй дилором, биншин ва рӯй бикшод.
Самак рӯй бикшод. Риши вай падид омад. Беҳзод чун риши вай бидид, биҳаросид. Гуфт:
— Ту кистӣ?
Самак гуфт:
— Эй паҳлавонзода, маро намешиносӣ? Манам хидматгори ту Самак. Аз он ҷо омадаам. Ба чӣ ҳисоб ту ва бародарат кори маро нигоҳ медоштед? Дар зери сарои шоҳ дар қавоми ман будед, то маро бигиред. Рафтам ва Дилором ва олоти шаробхона овардам ва туро низ овардам.
Беҳзод чун он ҳолат бидид ва он сухан бишнид, саросемавор хост, ки биҷаҳад ва шамшер баркашад. Самак даромад ва ӯро бигрифт. Оташак бо фарзандони Хумор биёмаданд ва ба ҳама Беҳзодро барбастанд ва бияфканданд ва эшон ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Хумор бо фарзандон Самакро офарин карданд. Самак гуфт:
— Шуморо ин аҷаб меояд, ки ман худ бар сурати занон рафтам ва якеро овардам? Ҳамаи мардони олам бастан макри занонанд. Бӯи мода шерони ғурронро дар дом оварад. Агар хоҳед ҳамчунин биравам ва бародари дигар биёварам.
Гуфтанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё