Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй паҳлавон чӣ гуна оварӣ, ки бешак, туро бишносад?
Самак бархост ва гуфт:
— Эй Ҳумор, ҷуббае 1 ва кулоҳе биёвар.
Ҳумор ҷуббае нав дошт, биёвард ва кулоҳе нав бинҳод. Ҷубба дарпӯшид ва кулоҳ бар сар ниҳод ва кулоҳ дар пеши чашм овард. Бигуфт; то табақе ва сарпӯше биёварданд ва ду дуруст 2 зар ва табақ дар зери бағал гирифт ва хештанро маст сохт ва аз сарой берун омад. Чун мастчин худро аз ҳар ҷониб меафканд ва дар бозор мегузашт ва талаби Размъёр мекард, то ногоҳ Размъёрро дид, бар дӯкон нишаста. Пеши вай омад ва хизмат кард бар гунаи мастон ва дар вай овехт. Гуфт:
— Эй паҳлавонзода ва эй исфаҳсори ҷаҳон, ҳеҷ мумкин бошад, ки як соат маҷлиси мо бияфрӯзӣ ва бо ман ду қадаҳ шароб бихӯрӣ, ки як соат мехоҳам, ки ба ҷамоли ту осоиш диҳам ва бандаро аз он иззе ва шарафе бошад ва туро номе бошад.
Размъёр, азбаски ӯро бандагӣ намуд, гуфт:
— Эй ҷавон, фармон турост.
Самак замин бӯса дод ва хизмат кард ва меваҳо харида буд ва дар табақ дошт. Дасти Размъёр гирифт, то ба сарой омаданд. Ҳумор бо дигарон аз болои манзар бидиданд.
Аҷаб фурӯ монданд аз кирдори Самак. Пас, чун бар дари сарой расиданд, Самак дар бизад ва дар бикшоданд, Самак дар миёни сарой рафт. Размъёр бо вай. Чун ба миёни сарой расиданд, Размъёр якеро дид, баста ва дар миёни сарой афканда. Дар вай нигоҳ кард, то кист. Чун бингарид, Беҳзод буд, бародари хеш. Аҷаб дошт.
Гуфт:
— Эй бародар, бо ту ин маъомалат кӣ кард?
Беҳзод гуфт:
— Он кас, ки туро бар ин ҷойгоҳ овард.
Размъёр бознигарид, то ӯ кист. Самак дар вай ҷаст бо дигарон. Размъёрро барбастанд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Замоне буд. Оташак бархост ва хизмат кард, гуфт:
— Эй паҳлавон, он чӣ ту гуфтӣ ва пазируфтӣ, ба ҷой овардӣ. Тамом кун, ки бандаро дил дар банд аст, аз ҷиҳати Дилором, беш аз ин тоқат надорам. Он рӯзе, ки набуд худ набуд, имрӯз, ки ҳаст, ҳам нест. Дилоромро ба ман деҳ.

1 Ҷ у б б а — либос, ҷома.
2 Д у р у с т — ченаки пули тилло.

пешина
аз 290
навбатӣ