Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак гуфт:
— Эй бародар, бидон ва огоҳ бош, ки ин кор бозӣ нест ва ба шитоб ҳар коре натавон кард. То бингарам, ки чӣ гуна бошад. Дилором они туст. Пеши ту мебошад, ту аз Хуршедшоҳ беҳтар нестӣ ва на Дилороми ту аз Маҳпарӣ. Эшонро бингӯр, ки то чанд рӯзгор шуд, ки номзади якдигаранд ва даст бар ҳам наниҳодаанд, то онгаҳ, ки эшонро баҳам супоранд. Ту низ сабр мекун. Набояд, ки ба хато даст дар вай занӣ, ки нек наёяд ва дар ҷавонмардӣ зишт бошад. Ва дигар, то ман ба сухани Дилором расм ва аҳволи ӯ бидонам, ки бо ту чӣ гуна хоҳад буд, кори ту бисозам.

Оташак гуфт:
— Фармонбардорам.
ПАС, ҳар панҷ ба шароб хӯрдан машғул шуданд.

Боз омадем ба ҳадиси лашгаргоҳ ва Конун ва Кофур ва Қатур. Чунин гӯяд муаллифи ахбор ва ровии қисса, ки чун лашкари Хуршедшоҳ ва Қизилмалик дари ҷанг дарбастанд ва сипаҳсолор Конун тартиби он мекард, ки ба дараи Буғрой равад. Сад хирвор шароб тартиб кард ва ба роҳ афтод ва бирафт, аз роҳи бероҳ. То бирасиданд бар сари дараи Буғрой, ки он дараро ба номи вай бозхонданд ва падари падарони ӯро Буғрой хондандӣ ва меҳтарони он дара ҳама фарзандони эшон будандӣ ва Арғун бародарзодаи вай буд. Чун корвонро диданд, ки рӯй ба дара ниҳода буданд, Буғрой кас пеши эшон фиристод, то бингарад, ки чӣ доранд? Кас пеши Конун омад. Гуфт:
— Ин чӣ бор аст?

Конун гуфт:
— Шароб аст, овардаем, ки бифурӯшем.
Мард биёмаД ва ба Буғрой бозгуфт. Буғрой гуфт:
— Ӯро пеши ман овар.

Кас биёмаД ва ӯро пеши Буғрой бурд. Конун салом гуфт. Буғрой ӯро биншониД ва бипурсид, ки ба ҷуз аз шароб ҳеҷ дигар надорӣ?

Конун гуфт:
— Не.
Буғрой бифармуд, то шаробро мӯҳр барниҳоданд. Гуфт:
— Паҳлавон Арғун кас фиристодааст ва шароб мехоҳад.

Конун хизмат кард ва гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ