Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй исфаҳсолор, акнун ҷумла дар уҳдаи туст. Баҳои он аз ту бистонам.
Буғрой гуфт:
— Раво бошад.
Пас, он хирворҳои шароб бифармуд, то ба дараи Буғрой бурданд. Буғрой бархост ва дасти Конун гирифт ва ба дара даромаданд ва ӯро ба ҷойгоҳи хеш овард. Бифармуд, то хон бинҳоданд. Чун аз нон хӯрдан фориғ шуданд, азми он карданд, ки шароб хӯранд. Конун хизмат кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, ба ном ва нонги дараи Буғрой омадам, аз бисёрии сифати дара, ки шунидам. Акнун дастурӣ бошад, ки тамошо кунам имрӯз ва фардо шароб вазн кунам?
Буғрой гуфт:
— Раво бошад.
Намедонист, ки ӯро мақсуд чист. Мӯътамадеро бихонд, номи ӯ Симрон. Гуфт:
— Бо ин озодамард бо ҳамаи дара бигард ва эшонро бинмой, то бибинад.

Симрон дасти Конунро гирифт ва Кофур бо эшон, дар он дара мегардиданд, то бисёр ҷойгоҳ бигаштанд. Ҷойгоҳе хуш диданд, то ба миёни дара бирасиданд. Конун нигоҳ кард, дарае дид, бузург, подшоҳона ва аз санг бар санг даре ва даргоҳе олӣ даровехта ва қуфле гарон дарафканда.
Конун гуфт:
— Эй Симрон, ин сарои кист ва чаро дар бастаанд?
Симрон гуфт:
— Ин сарои Арғун аст, чун ӯ ба масоф рафтӣ, касе дар ин сарой набуд, ба зиндон кардаанд.
Конун гуфт:
— Акнун дар ин ҷойгоҳ кист?
Агарчи худ медонист, мақсуди ӯ он буд, ки ба яқин бидонад ва ба дурустӣ кор кунад.
Симрон гуфт:
— Эй озодмард, Қатрон ва Қатӯр ва Сайлам аз лашкари Мочинанд ва паҳлавононанд ва Меҳрони вазири Фағфур боздоштаанд.
Конун гуфт:
— Чӣ кардаанд?
Симрон гуфт:
— Эшон душмананд ва ин вазири Фағфур дар шоҳ осӣ шудааст ва қадр кардааст ва ин ҳама ошӯб дар ҷаҳон ӯ афкандааст.

пешина
аз 290
навбатӣ