Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қатрон чун номи Қонун шунид, хуррам шуд ва нишоте ба дили вай баромад ва гуфт:
— Эй исфаҳсолор, бо ту кист?
Гуфт:
— Кофур.
— Ғофил мабош, кор кун.

Қонун суҷон баровард ва банди Қатрон буридан гирифт. Чун порае бибурид, қувват кард ва бишкаст. Қонун занҷир аз дасти вай баргирифт, ва ғӯл аз гардан, ки устувор баста буданд. Ва Қатур ва Сайлам ва Меҳронро низ бикшоданд.

Ҳамагон аз ин зер ба боло баромаданд. Қатрон худро бе банд ёфт, биғуррид, гуфт:
— Моро силеҳ бояд ва асб.
Қонун гуфт:
— Фармонбардорам.

Қонун ва Кофур биёмаданд ва чаҳор асб бигирифтанд ва зин барниҳоданд ва чаҳор даст силеҳ биёварданд, то эшон дарпӯшиданд ва савор гаштанд.

Қонун ва Кофур дар пеш истоданд ва рӯй ба роҳ ниҳоданд, то аз дара берун шуданд ва мерафтанд, то он соат, ки ҷаҳони тира сиёҳҷома барбахшид ва олам равшан шуд. Эшон ба марғзоре расиданд ва Қатрон гуфт:
— Эй паҳлавон Қонун, мо ин ҷойгоҳ фуруд оем ва биёсоем, ки ҳастаем. Соате хоб кунем.
Қонун гуфт:
— Агар чунин мебояд кард, шуморо аз ин ҷой ба он марғзор мебояд рафтан, ки ин мақом шоҳроҳ аст ва ҳар касе бигзарад. Набояд, ки ранҷе ба шумо расад, ки ман перомуни марғзор мегардам ва нигоҳдорӣ мекунам.

Пас, эшон бар он марғзор расиданд, аз роҳ бар як ҷониб фуруд омаданд ва асбонро шикел барниҳоданд ва ба чаро раҳо карданд. Қонун гуфт:
— Эй Кофур, зинҳор то ғафил набошӣ, ки эшон ранҷи зиндон ва бехобӣ кашидаанд. Соате хоб кунанд, ту эшонро посбон бош, то ман роҳҳо нигоҳ дорам.
Кофур гуфт:
— Фармонбардорам.

Кофур рӯй ба роҳ ниҳод ва бирафт ва ҳар ҷой бармегашт, то танги шаб даррасид. Қонун пеши эшон бозомад. Бархостанд ва пой ба асбон дароварданд ва рӯй ба роҳ ниҳоданд, то ба зери болое расиданд. Ду баҳр аз шаб гузашта буд. Бар он боло рафтанд. Шамъ ва машъали бисёр

пешина
аз 290
навбатӣ