Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

диданд, афрӯхта ва он лашкари Хуршедшоҳ буд. Сиёҳгил бо Сом ва миқдори чаҳор ҳазор савор ба талоя буданд.

Қатрон ва Қатур ва Сайлам ва Меҳрони вазир ва Конун ва Кофур аз боло ба зер расиданд, то наздики он сипоҳ расиданд. Қатрон гуфт:

— Бедасторча пеши Қизилмалик натавон рафтан. Эй Қатур, ту ба дасти рост рав ва эй Сайлам, ту ба дасти чап рав, то ман аз баробари эшон равам. Меҳрони вазир ва Конун ва Кофур ҳар се ба сари роҳ раванд ва мебошанд то мо биёем. Бошад, ки аз дасти мо коре барояд ва армуғони зиндон ба Қизилмалик барем.

Пас, ҳар яке бар гӯшае рафтанд ва наъра заданд, ки то ҷаҳон аст Арманшоҳ боду Қизилмалик. Пас, даст ба теғ бурданд ва бо чаҳор ҳазор савор баровехтанд. Ва эшон ғофил буданд ва эшонро мекуштанд. Сипоҳи Сиёҳгил чун диданд, бонг бар эшон заданд ва бо эшон даровехтанд. Шаб то торик буд, дӯст аз душман нопадид. Эшон чун се гурги гурусна, ки дар миёни рамаи гӯсфандон афтад, то онгоҳ, ки Қатрон ва Сиёҳгил боҳам афтоданд, бо якдигар даровехтанд, то дар миёни эшон таънае чанд рад шуд, ки ногоҳ Қатрон найза зад ва Сиёҳгилро бияфканд ва пиёда гашт, то ӯро барбандад, ки Соми паҳлавон бар эшон расид ва гуфт:

— Эй фурӯмоя, нигоҳдор ҳамлаи мардон. Хост, ки Қатронро зарбате занад, ки Қатур аз қафои Сом даромад ва гурзе зад бар китфи ӯ, ки аз захми он бар пушти асб дуто гашт ва шамшер аз дасти вай бияфтод. Саросема шуд. Дар Қатрон афтод. Пас, ҳар дуро барбастанд ва дасти шамшер бар лашкар доштанд ва халқи бисёр аз лашкари Хуршедшоҳ бикуштанд.

Овоза ба лашкаргоҳ расид. Хуршедшоҳ бифармуд, ки лашкар бираванд, ки ҳазимате нарасад. Гуфтанд: лашкаре шабехун оварданд ва Сиёҳгил ва Сомро бурданд. Хуршедшоҳ аз он кор дилтанг шуд. Гуфто:

— Аз кори эшон ғофил будем, то бар мо тохтан оварданд. Чӣ миқдор буданд ва кадом паҳлавон буд?

Яке аз он талоядорон гуфт:

— Лашкари бисёр надидем. Чунон шунавидам, ки яке мегуфт, манам Қатрон. Яке дигар мегуфт, манам Қатур ва яке дигар мегуфт, манам Сайлам. Наъра мезаданд. Ба қиёси ман беш аз се тан набуданд.

Хуршедшоҳ гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ