Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Ин чӣ гуна тавонад будан, ки эшон дар банданд?
Арғун ҳозир буд. Бонг бар вай зад. Гуфт:
— Эй мард, на ту гуфтӣ, ки зиндони ман сахт аст, чунон ки ҳаргиз касе аз он ҷо берун натавонад омадан ва касе аз дараи Буғрой натавонад гурехт? Эй дареғо, ки Самак ба айёрӣ коре бикард ва мо нигоҳ натавонистем доштан ва барбод додем.
Арғун гуфт:
— Эй шоҳ, надонам, ки чӣ гуна будааст. То кас фиристем ва аҳвол боздонем, магар ду-се тан бо номи эшон омадаанд?
Эшон дар андеша мебуданд ва ҳар сухане мегуфтанд, ки ногоҳ аз дараи Буғрой мӯътамаде бирасид. Ҳанӯз ҷаҳон торик буд. Ба боргоҳ даромад ва хидмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, бандиён аз банд бурдаанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй Арғун, дидӣ, ки чӣ кардӣ? Бар қавли ту эътимод кардам, то бандиён барбод омаданд.
Арғун гуфт:
— Эй шоҳ, ин маъни надонам, ки чӣ гуна будааст.
Ҳаргиз ҷойгоҳи зиндон маҳкамтар аз он абошод.
Шоҳ аз он мард пурсид, ки чӣ гуна будааст. Он мард Симрон буд. Гуфт:
— Эй шоҳ, ду мард биёмаданд бо сад хирвор шароб.
Буғрой ҳама мӯҳр барниҳод, то ба хидмати шоҳ фиристад.
Пас эшонро ба дара бурдем, ки баҳои шароб диҳем. Аз Буғрой дархост карданд, ки мехоҳем, ки тамошои дара бикунем. Чун пеши зиндон бирасиданд пурсиданд, ки дар ин зиндон кист? Ман аҳвол бигуфтам ва бигузаштам. Он шаб дар дара буданд ва бандиён бурдаанд. Буғрой маро фиристод, то шоҳро огоҳ кунам.
Хуршедшоҳ ва Фаррухрӯз ва паҳлавонон сахт ғамнок шуданд аз баҳри он, ки бисьёр ғусса боистӣ кашиданд, то се паҳлавони чунин дар банд овардандӣ. Ва дигар Сиёҳгил ва Сом гирифтор омада буданд.
Аз он ҷониб чун Қатрон ва Қатур ва Сайлам он лашкарро ҳазимат карданд ва Сиёҳгил ва Сомро асир карданд, бар сари роҳ омаданд. Конун ва Кофур ва Меҳрони вазир истода буданд. Офарин карданд ва рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд. Ҳанӯз торик буд, ки ба хаймаи хеш расиданд. Чун субҳи содиқ нишона бинамуд Қизилмалик ба тахт баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё