Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Аввал касе, ки аз дари боргоҳи Қизилмалик даромад Қатрон буд. Заминро намоз бурд.
Қизилмалик чун Қатронро бидид, бархост ва ӯро дар канор гирифт ва аҳвол бипурсид. Қатрон аҳвол бигуфт.
Пас, бифармуд, то Сиёҳгил ва Сомро дароварданд, Қатур ва Сайлам ва Меҳрони вазир бо Конун ва Кофур бо эшон.
Қизилмалик хуррам шуд. Бар Конун офарин кард ва ӯро бинавохт ва ташриф дод. Пас, бифармуд, то Сиёҳгил ва Сомро сиёсат кунанд. Қатрон хидмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳзода, эшон чун моро бигирифтанд, банд барниҳоданд ва боздоштанд. Метавонистанд моро ба қатл оваранд. Маслиҳат он аст, ки эшонро банд фармой ва бо фатҳнома пеши Арманшоҳ фиристӣ.
Қизилмаликро хуш омад. Бифармуд, то ҳар дуро банд барниҳоданд ва дувист савор номзад кард, то бо эшон бираванд.
Меҳрон хидмат кард, гуфт:
— Эй шоҳзода, донӣ, ки аз банда коре наёяд, майдондорӣ натавонам кард. Ва дигар аз бими Самаки айёр дар ин лашкаргоҳ натавонем будан, ки бешак, қасди кори ман кунад ва маро бибарад ва қаҳр кунад, ки ту ӯро намешиносӣ, ки шӯх мардест. Чун дар хидмати шоҳи бузургвор бошам, корҳо месозам. Маро бо ин қавм пеши падари бузургвор фирист, то ҳар чӣ рой ва тадбир ва тартиби кор бувад, месозам ва маълуми шоҳзода мекунем. Қизилмалик гуфт:
— Раво бошад.
Пас, Меҳрони вазир зан ва ду духтар ва хазинае, ки фиристода буд, баргирифт ва бо эшон ҳамроҳ шуд. Ба Мочин рафт. Чун аз он кор эшон фориғ шуданд. Қатрони паҳлавон гуфт:
— Бифармой, то имрӯз ҷанг созем ва намоем, ки бо эшон чӣ мебояд кардан. Қизилмалик бифармуд, то кӯси ҳарбӣ фурӯ кӯфтанд. Лашкар ҷумла дар магзи оҳан ниҳон шуданд ва рӯй ба майдон ниҳоданд.
Аз он ҷониб чун овоз ба Хуршедшоҳ расид, бифармуд, то лашкар қасди майдон карданд. Аз ҳар ду ҷониб саф баркашиданд. Нақибони ҳар ду сипоҳ сафҳо рост карданд, бар майманаву майсара1 ва қалб ҷинох2 тартиб доданд.
Аввал касе, ки дар майдон рафт аз лашкари Қизилмалик, Қатрон буд. Бар асбе ҳинг3 савор гашта ва бар
1 Майманаву майсара — тарафҳои росту чапи лашкар.
2 Ҷиноҳ — аввал, лашкари пешсаф.
3 Ҳинг — асби сафед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё