Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

густувон барафканда ва худро дар миёни мағзи оҳан пинҳон карда ва соқин ва соин барбаста ва теғ ҳамоил карда ва найза дар даст гирифта. Бар ин сифат ба майдон даромад, уштулумкунон ва наъразанон овоз дод ва гуфт:

— Эй Хуршедшоҳ, мардонро хуфта мегиред? Шери хуфта рӯбоҳ оҷиз тавонад кард. Дар майдони фурсат ҳар кӣ мардонатар ва айёртар, то даст барад, мардон бибинанд ва бидонанд, ки майдондорӣ чӣ гуна мебояд кард ва муборизон чун бошанд? Лобад чун беша аз шер холӣ бошад, сиёҳгӯш ҳар чӣ хоҳад кунад.

Аз ин маънӣ бисёр бигуфт, то саворе аз лашкари Хуршедшоҳ дар майдон шуд. Бар асбе сиёҳ савор гашта ва худро бар силеҳи тамом ороста. Баробари Қатрон омад ва бонги ниҳеб бар Қатрон зад, гуфт:

— Эй фурӯмоя, чист ин ҳама лофу даъвӣ? Биёр, то аз мардӣ чӣ дорӣ?

Қатрон аз гуфтори вай дар ханда омад, ки дар вай медид, ки на марди вай аст. Пас, найза бигардонид ва бизад бар синаи он ҷавон ва аз асбаш нагунсор кард. Дигаре даромад. Ӯ ро низ бияфканд. Дигаре ва дигаре, то шаст мардро бияфканд, ки яке захм бар Қатрон назад.

Лашкари Хуршедшоҳ дилтанг шуданд. Ҳеҷ кас дар майдон намерафт. Қатрон овоз дод ва гуфт:

— Эй Хуршедшоҳ, касе дар майдон фирист, то соате пой дорад. Ба мардон чунин ҷанг ва масоф хоҳӣ кардан? Куҷо шуд Фаррухрӯз, то биёяд ва ҳунар ба мардӣ намояд? Ва агар Фаррухрӯз намеояд, ту дар майдон ой, то бингарам, ки дар мардӣ чӣ ҳунар дорӣ. Аз ин маънӣ мегуфт.

Чун Хуршедшоҳ бидид, ки касе дар майдон намеравад, аз асб пиёда гашт ва зертанг ва забартанги асб устувор кард ва силеҳ бар хештан рост кард ва пой ба асб даровард, то ба майдон равад, Фаррухрӯз даромад ва инони асби Хуршедшоҳ бигирифт. Хидмат кард ва гуфт:

— Зинҳор, эй шоҳ, ки то мани банда зинда бошам, нагузорам, ки ту дар майдон равӣ. Ҳазор аз мо кушта шаванд беҳтар аз он бошад, ки як тори мӯи ту кам шавад. Моро иваз бошад ва туро иваз абошад.

Хуршедшоҳ гуфт:

— Эй бародар, чи ту бошӣ ва чи ман. Замоне бош, то ман дар майдон равам ва худро бинамоям, то маро бидонанд.

1 Соқину соин — пасу пеш.
2 Уштулум — ғалаба, тааддӣ, тундӣ.

пешина
аз 290
навбатӣ