Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Қатронро хилъате дод ва бинавохт. Пас, аз ҳар ду ҷониб талоягон берун фиристоданд ва худ ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Аз он ҷониб чун Меҳрони вазир ва Сиёҳгил ва Сом ва ин дувист савор рӯй ба Мочин ниҳоданд, қосиде аз пеш фиристода буданд. Хабар ба Арманшоҳ бурданд, ки Сиёҳгил ва Сом — ду паҳлавон азони Хуршедшоҳ асир меоваранд ва Меҳрони вазир бо эшон аст. Арманшоҳ чун бишнид, хуррам шуд. Бифармуд, то лашкар истиқбол кунанд. Ин овоза дар шаҳр афтод. Сипоҳ аз шаҳр берун мерафтанд. Ҳумор аз он кор огоҳ шуд. Ба сарои хеш омад, пеши Самак, ин аҳвол бигуфт, ки Сиёҳгил ва Сом меоваранд ва Меҳрони вазир бо эшон аст. Сипоҳ пазира мешаванд. Надонам, ки чӣ гуна афтодааст.
Самак чун бишнид, ғамнок шуд. Гуфт:
— Эй дареғо, надонам, ки аҳволи Хуршедшоҳ ба чӣ расидааст, ки ин ҷамоат асир гирифтаанд. Ман берун меравам, то бингарам, ки аҳвол чист. Ҳумор гуфт:
— Шаҳре ғариб аст ва ҷумла талабгори туанд ва аз ҷиҳати ту ҳар ғариб, ки мебинанд, мегиранд. Набояд, ки ранҷе ба ту расад, ки мо бар он ғамнок шавем. Гуфт:
— Эй падар, андеша мадор, ту маро дарозгӯше биёвар ва ҷубба ва кулоҳе кӯҳна. Ҳумор бирафт, ҳама биёвард.
Самак бархост ва ҷуббаи кӯҳна дарпӯшид ва кулоҳи кӯҳнаи Ҳумор дар сар ниҳод ва чуволе бар дарозгӯш афканд ва барнишаст ва ба миёни шаҳр баромад, то ба дарвоза расид. Самак дарозгӯш дар гӯшае бидошт ва назора мекард ва сипоҳ мегузаштанд. Бо Шаҳрони вазир Меҳрони вазир ҳамроҳ дид ва тавқу дасторча барафканда ва хилъати шоҳ пӯшида, ки пеши вай бозбурда буданд.
Самак дар вай нигоҳ кард. Гуфт, донистам, ки ин ҳама бадфеълӣ ва ҳаромзодагӣ Меҳрон кардааст. Раво бошад. Агар яздон хоҳад ва зиндагонӣ бошад, мукофоти ин нокас бозкунам, чунон ки ҷаҳониён ибрат гиранд. Пас, чун эшон бигзаштанд, Сиёҳгил ва Сомро дид, ки дароварданд, банд барниҳода ва бар сари астар1 афканда. Самак чун эшонро дид, бигрист. Гуфт: «Дареғ ман зиндаву дӯстони маро бар ин зорӣ мебаранд». Бозгашт ва ба хона омад. Собиру Самлодро гуфт:
1 А с т а р — хачир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё