Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Ба дари сарои шоҳ равед ва бингаред, ки аҳвол чӣ гуна хоҳад буд.
Собиру Самлод дар сарои шоҳ омаданд ва назора мекарданд ва гӯш ниҳода буданд, то чӣ шунаванд. Чун сипоҳ ба боргоҳ омаданд, Арманшоҳ бар тахт нишаста буд. Меҳрони вазир даромад ва хизмат кард ва санои шоҳ гуфт: Арманшоҳ ӯро гиромӣ кард ва бинавохт ва бо худ бар тахт бишонд. Пас, бифармуд, то Сиёҳгилу Сомро дароварданд, банд барниҳода ва сару по бараҳна ва дар пои тахт бидошта.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, бифармой, то эшонро сиёсат кунанд, ки ду дӯшмани азиманд.
Арманшоҳ гуфт:
— Агар боистӣ кушт, фарзанди ман Қизилмалик эшонро бар ин ҷо нафиристодӣ.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, аз ҷиҳати ҳурмат фиристод.
Арманшоҳ гуфт:
— Маслиҳат нест эшонро ҳалок кардан, ки ду паҳлавони азиманд ва ба солҳо мард гаштаанд, ба як соат барбод натавонам дод. Эшонро дар зиндон мебояд дошт, ки моро коре муҳимтар пеш омадааст. Ва турфа корест ва дар он кор фурӯ мондаем. Аввал аз ӯҳдаи он кор берун оем, ки бо худ афтодааст. Онгоҳ бо эшон пардозем.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, чӣ кор афтодааст, ки дил бар он мушававаш аст?
Арманшоҳ гуфт:
— Як ҳафта аст, то канизаке доштам ва шаробдорӣ ба вай дода будем, номи ӯ Дилором. Нопадид гаштааст ва ҳеҷ сӯрохе ва нақме падидор нест ва дарҳо баста монда ва дигар ду рӯз аст, то фарзандони исфаҳсолор Конун, ки шуморо аз банд берун овард, нопадид шуда. Намедонам, ки куҷо рафтаанд. Мо намедонем, ки матлаби Дилором рафтаанд ё эшонро куштаанд.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, ба яздони додори кирдигор, ин кор дар ҷаҳон кас накард ва накунад, магар Самаки нодошт кардааст. Ва Самак бар ин вилоят омадааст, ки агар на Самак бар ин вилоят омада будӣ, Конун моро аз банд берун натавонистӣ овардан. Донистам, ки беша аз шер холӣ будааст. Дилороми шаробдор ва Беҳзод бо Размьёр ҳар се

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё