Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак бурдааст, ки бо соз ва ҳилат ва дастон аст. Чун Қатрони паҳлавон марде дар миёни се ҳазор мард ва ёр бибурд. Надонӣ, ки чӣ ҷалд ва бо дониш ва забонвар ва сухангӯй ва шабрав ва айёр. Зинҳор, эй шоҳ, ки бедор бояд будан аз феъли он бадфеъл ва бадкирдор. Ман донам, ки ӯ чӣ мард аст. Эй шоҳ, бигӯй, то бандиёнро нигоҳ доранд. Агар дар авҷи фалак баранд ё дар таҳти самак, эшонро бибаранд.
Арманшоҳ гуфт:
— Аз ин ҷиҳат фориғ бош, ки ман зиндоне дорам, ки ҳаргиз кас аз он зиндон нагурехт ва кас дар он зиндон роҳ натавонад бурдан ва нақм натавонад буридан ҳеҷ гуна. Ва зиндонбоне дорам ҷалд ва устод ва бо сиёсат.
Кас фиристод ва зиндонбоонро бихонд ва номи вай Тармаша буд, на зан ва на мард, балки ҳам зан буд ва ҳам мард, хунасо буд — ҳам олати мардон дошт ва ҳам они занон. Валекин на майлаш ба мардон будӣ ва на ба занон. Ва ҳардуро душман доштӣ. Пас, ин Тармаша пеши тахти шоҳ омад ва хизмат кард.
Шоҳ гуфт:
— Эй Тармаша, медонӣ, ки ин бандиён кистанд? Ду бандиёнанд аз лашкари Фағфур, эшонро нигоҳ медор, ки марде ин ҷойгоҳ аст, ки эшонро бибарад. Чунон ки Дилороми шаробдорро бибурд ва писарони исфаҳсолори Конун.
Тармаша хизмат кард, гуфт:
— Аҳволи зиндон медонӣ, ҳоҷат ба гуфтор нест. Агар ҷумлаи олам айёрону шабравон гиранд, бо зиндони ман ҳеҷ ба даст надоранд.
Пас, Тармаша эшонро баргирифт ва ба зиндон бурд ва одати Тармаша чунон буд, ки агар касеро дар зиндон бурдӣ, дар соат ӯро панҷоҳ чӯб бизадӣ. Чунон ки он кас аз бим мурда будӣ ва бисёр будӣ, ки дар зери чӯб бимурдӣ ва ин Тармашаро ғуломе буд, номи ӯ Чандрои Кофар. Чӯб он сиёҳ задӣ. Ба ҳар чӯбе, ки бар андом задӣ, панҷ-шаш ҷой аз андоми он мард хун равона гаштӣ. Чун Сиёҳгилу Сомро ба зиндон оварданд, Тармаша Чандройро бифармуд, то эшонро чӯб занад.
Чандрой Сиёҳгилро баркашид ва дасти чӯб бар вай бикшод. Гуфт:
— Эй нокаси ноҷавонмард, дуздам, ки маро чӯб мезанӣ?
1 Самак — моҳӣ, ки мувофиқи ақидае гӯё заминро бо гови замин бар дӯши худ бардоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё