Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Тармаша гуфт:
— Ман одати хеш бознадорам.
Сиёҳгилро бияфканд. Чандрой дасти чӯб бар вай бикшод. Аввал чӯб, ки бар вай зад, фарёд баровард ва ба дуввум ва саввум тоқаташ намонд ва ба панҷӯм ва шашӯм аз ақл бирафт. Чандрой ҳамчунон чӯб бар эшон мезад. Аз захми чӯби Чандрой беақл гаштанд.
Собиру Самлод биёмаданд ва аз он чӣ рафта буд, бо Самак бозгуфтанд. Аз гуфтори Меҳрони вазир ва куштан фармудани Сиёҳгилу Сом ва сухан гуфтани Арманшоҳ, ки моро чӣ кор пеш омадааст аз нопадид шудани Дилому олот ва эшонро бад-ӯ супурдан ва бурдан ва чӯб задан — ҳама пеши Самак бозгуфтанд. Самак аз он ғам бигирист. Собиру Самлодро гуфт:
— Ба дари сарои шоҳ равед ва гӯш доред, то чӣ мегӯянд ва чӣ месозанд ва Меҳрони вазирро куҷо фуруд меоранд ва талаби кори мо ҳастанд ё на ва аз барои мо чӣ мегӯянд.
Собиру Самлод бозгаштанд ва ба дари сарои шоҳ омаданд. Дар боргоҳ шуданд ва назора мекарданд, то Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, бифармой, то дарвозаҳои шаҳр нигоҳ доранд ва шаҳнаро бифармой, то шаб шаҳрро нигоҳ дорад. Ҳар ки бигирад, сиёсат кунад ва роҳдоронро бифармой, то сари роҳҳо нигоҳ доранд, ки Самак дар ин шаҳр аст ва ҳар чӣ хоҳад бикунад, ки ман аз бими вай шароб наметавонам хӯрд, ки ба хоб равам ва дар ҳеҷ сарой нахоҳам рафт, магар дар сарои шоҳ, ки он ҷо агарчи посбону ятоқдорон, наандешад. Бифармой, то посбононро зиёдат кунанд ва бедор ва ҳушёр бошанд.
Арманшоҳ гуфт:
— Дил фориғ дор, ки ин ҳама нест, ки ту гуфтӣ. Бифармуд, то ӯро ба ҳуҷрае дар сарои шоҳ фуруд оварданд, бо зан ва духтарон. Пас, шаҳнаи вилоятро бихонд ва бифармуд, то мард бар сари роҳҳо фиристад ва нигоҳ дорад ва ҳеҷ кас бе иҷозат барнагузарад ва мард бо роҳдорон фиристод ва аҳвол бигуфт ва шаҳнаи вилоят бар тартиб мебуд.
Собир ва Самлод пеши Самак омаданд ва аҳвол бигуф-танд. Самак дам даркашид ва ҳеҷ сухан нагуфт, то он соат, ки талояи шаби тира падидор омад ва соқаи рӯз қасди гурехтан кард ва хайли шаб дар сипоҳи рӯз овехтанд ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё