Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
аст, ки ман аз бисёрии чӯб, ки хӯрдаам, беҳуш афтода будам.
Самак бархост ва гирди зиндон мегашт. Хонаи Чанд-ройро дид. Сиёҳро дид, ки дар хоби хуш рафта. Самаки айёр корд баркашид, гуфт: «Ӯро бикушам, то эмин бошам». Пас, корд баровард ва шиками Сиёҳ то ба сина бардарид. Чандрои Сиёҳ бинолид ва бемурод ҷон бидод. Самак форриғ шуд. Пеши Сиёҳгил омад ва гуфт:
— Сом куҷост?
Сиёҳгил гуфт:
— Дар ин зиндон аст.
Самак баргашт. Сомро дид, дар гӯшае афтода ва менолид. Самак пеши вай омад ва даст бар синаи Сом ниҳод ва Сом гуфт:
— Маро обе диҳед.
Митҳараи об биёвард ва дар гулӯи Сом кард. Сом гуфт:
— Эй озодмард, ту кистӣ?
Гуфт:
— Манам Самаки айёр.
Чун номи Самак шунид, хуррам шуд. Гуфт:
— Эй паҳлавон, яздон ба фарёди ту расад, чунон ки ба фарёди мо расидӣ. Чӣ гуна бар ин ҷойгоҳ омадӣ ва бо Сиёҳ чӣ кардӣ, ки моро чӯб зад?
Самаки айёр гуфт:
— Эй паҳлавон, маро яздон роҳ намуд. Омадам ва Сиёҳро куштам.
Сом гуфт:
— Офарин бар ту бод!
Пас, аз он ҷойгоҳ Сомро баргирифт ва пеши Сиёҳгил овард ва гуфт:
— Акнун шуморо бар ин чоҳ фурӯ хоҳам бурд, ки аз ин чоҳ бар омадам.
Эшон гуфтанд, ту донӣ.
Самак ба сари чоҳ омад ва Сиҳгилро бар дӯш гирифт ва ба чоҳ даршуд ва ӯро ба зери чоҳи гармоба баровард. Ӯро ба команд барбаст ва пас гуфт:
— Эй Оташак, баркаш, эшонро овардам ва яздон маро ёрӣ дод.
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, зӯр надорам.
Самак хост, ки бар боло ояд. Собиру Самлод гуфтанд.
— Мо зӯр дорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё