Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Он чунон буд, ки эшон ба қавом истода буданд. Чун Самаку Оташак дар гармоба рафтанд, Собиру Самлод бар гармоба омаданд ва қавоми кори эшон бармегирифтанд ва нигоҳ мекарданд, ки Самак дар чоҳ рафтааст ва гӯш медаштанд, то Самак аз чоҳ барояд. То он соат, ки Оташак гуфт «ман зӯр надорам», эшон даромаданд, ки мо зӯр до-рем. Самакро гуфтанд:
— Мо ба хизмат истодаем.
ПАС, ҳар се Сиёҳгилро аз он чоҳ баркашиданд. Самак ба зиндон бозомад ва Сомро меовард, то ба зери чоҳ, бар-кашиданд. Самак ба боло баромад. Эшон офарин карданд. Самак ба эшон гуфт:
— Чӣ чора созем, ки сарои мо дур аст ва ин ду тан хаста ва маҷрӯҳанд ва эшонро бар пушт мебояд бурдан, ки натавонанд рафтан, ки набояд, ки асас моро заҳмат ди-ҳад, вақти бозгаштани эшон аст ва ин ҷойгоҳ будан масли-ҳат нест. Чора чист?
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, модархонде дорам, дар ин наздикӣ са-рои ӯст. Аммо дерест, то ӯро надидаам. Ба сарои вай бояд рафтан.
Самаки айёр гуфт:
— Эй Оташак, он шаб, ки Дилором доштем, роҳ ба ҳеҷ кас намедонистӣ, нек аст, ин соат роҳ медонӣ.
Оташак гуфт:
— Эй паҳлавон, фаромӯш карда будам. Аз ишқи Ди-лором намедонистам, ки куҷо мебояд рафт.
Самаки айёр гуфт:
— Нек омад.
Пас, ба ҳар ду тан яке аз он хастагон баргирифтанд ва Оташак дар пеш, то ба кӯча расиданд. Оташак бар дари сарой расид, ҳалқа бар дар зад. Зане пир бадар омад ва дар бикшод. Гуфт:
— Бар дар кист?
Гуфт:
— Эй модар, манам фарзанди ту Оташак.
Он зан гуфт:
— Шод омадӣ. Дарой. Аз куҷо меоӣ ва то дар ин вақт куҷо будӣ?
Оташак гуфт:
— Вақти сухан гуфтан нест, ки ду-се тан бо мо амо-натанд. Ба ту овардаам.
Он пиразан гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё