Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эшонро даровар, ки ҷои эшон дар дида созам. Пас, ҳамгинон дар сарой шуданд. Пас, он пиразан эшонро бишонд. Гуфт:
— Эй Оташак, куҷо будӣ ва ин чӣ қавманд ва ин ду-се хаста кистанд?
Оташак гуфт:
— Эй модар, намедонӣ? Айёри ҷаҳон аст Самак ва ин ду хаста Сиёҳгилу Соманд, ки аз лашкари Фағфуршоҳ гирифта буданд ва дар зиндон боздошта буданд, ба дасти Тармаша, эшонро бадар овард.
Хост, ки чизе дигар гӯяд, овоз дар сарой баромад.
Он зан гуфт:
— Шумо дар ин хона равед соате, ки фарзанди ман аст.
Эшонро дар он хона кард. Зани пир биёмад ва дар бикшод. Самак аз шикофи дар нигоҳ кард. Ҷавоне дид, ки биёмад, баландболо ва қавиёл. Кокул дар сари худ мусалсал ва ҷубба пӯшида ва миён дарбаста ва доман баргирифта ва чизе дар доман. Пеши модар фурӯ рехт. Ҷомаҳо буд ва кулоҳҳо ва дасторҳо, ки аз мардум бистада буд. Гуфт:
— Эй модар, ҳеҷ сайд накардам, магар ин ду-се. Чизе биёвар, то бихӯрам, ки маро сахт гурусна аст.
Модараш бирафт ва табақи нон биёвард. Порае бирьён бо ширинӣ ва туршӣ пеши вай ниҳод. Самак нигоҳ кард, то он ҷавон даст ба нон фароз кард ва нон хуш мехӯрд. Самак бо худ гуфт, сахт чолок аст ин ҷавон. Шаӯравӣ мекунад ва ҳам аз мост. Назора мекард ва аҷаб дар нон хӯрдани вай бозмонда буд. То нон бихӯрданд ва дастҳо бишустанд. Пас, гуфт:
— Эй модар, ҳавасе дар дил дорам ва дареғ мехӯрам. Надонам чӣ гуна созам, то мурод ҳосил кунам.
То модараш гуфт:
— Ҷони модар, он чист, ки туро дил дар банди ӯст?
Гуфт:
— Мегӯянд, эй модар, ки айёрпешае ҳаст номи вай Самак. Бар ин вилоят омадааст. Талабгори ӯ мебошам, то ӯро бубинам ва камари хидмати ӯ дар миён бандам, ки хидмати чунон марде ба ҷон кардан воҷиб аст. Ва чанд аст, ки дар шаҳр мегардам, бошад, ки ӯро ҷойгоҳе дарьёбам ва роҳ ба мақоми ӯ намедонам. Дармондаам, то ӯро куҷо ба даст оварам?
Модараш чун бишнид, ки муроди ӯ чист, гуфт:
— Эй фарзанд, агар туро ин мурод аст, салим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё