Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Аҳд кун ва бо модари худ савганд хӯр, ки он чӣ мегӯй, ҳақиқат аст ва ту Самак аз баҳри он мехоҳӣ, то хидмати вай кунӣ ва бо ӯ ёр бошӣ ва пеши подшоҳ ғамз накунӣ ва наспорӣ, то ман ӯро ба дасти ту боздиҳам, ки куҷост.
Он ҷавон гуфт:
— Эй модар, маро Сурхвард ном аст ва аз ту зодаам.
Чун ман мардро гӯянд, ки ғамз накунӣ? Ва ғамз ва хиёнат кор фармояд? Ба яздони додори кирдугор, ки агар Самакро бибинам, то зинда бошам бандагии вай кунам. Зинҳор, эй модар, ин занн дар ҳаққи ман хатост. Агар чунон аст, ки бо падари ман хиёнат кардай ва ҳаромзода дар вуҷуд омада бошам, раво бошад, ки аз ҳаромзода ҷуз муфсидӣ ва ғаммозӣ наёяд. Ночор феъли худ пайдо кунад ва гувоҳии ҳаромзодагӣ дар худ бидиҳад, вагарна ҳалолзодаам, бидон, ки аз ҳалолзода кори бад наёяд ва ғаммозӣ накунад. Модар чун бишнид, хуррам шуд, сари фарзанд дар канор гирифт.
Самак дар гуфтори эшон бозмонда буд. Бо худ мегуфт:
Оқил ҷавонест, то модараш гуфт:
— Эй фарзанд, савганд хӯр, то дили ман эмин бошад.
Савганд хӯрд ба яздони додори кирдугор, ки:
«Мани Сурхвард бо Самак ва ҳавохоҳони ӯ ва дӯстдорони ӯ қасд накунам ва қасд наандешам ва низ нафармоям ва ризо надиҳам. Бо эшон ёр бошам ва агар коре афтад, ҷон таслим кунам ва ӯро ва касони ӯро наспорам».
Чун Сурхвард савганд ёд кард, модараш бархост ва он дар боз кард. Гуфт:
— Эй паҳлавон!
Самак берун омад ва салом кард. Сурхвард чун Самакро дид, бархост ва дар пои Самак афтод ва офарин кард ва ӯро бистуд.
ПАС, гуфт:
— Эй модар, ин дар сарои мо буд ва ту раҳо накардӣ, то ман ҳар чӣ хостам, гуфтам? Ва ӯ чӣ гуна ба сарои мо афтод?
Модараш гуфт:
— Эй ҷавонмард ва ҷони модар, аҳвол аз вай боздон, ки соате ҳаст, то омад.
Самаки айёр гуфт:
— Эй ҷавонмарди гетӣ, вақти сухан гуфтан нест, ки моро дил дар банди ин хастагон аст.
Сурхвард гуфт:
1 З а н н — гумон.
2 М у ф с и д — нобакор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё